Русия Шариповро ба Тоҷикистон истирдод мекунад
Додситонии кулли Русия қарори ба Ватан истирдод кардани Мансур Шарипов, як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро содир кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, Шарипов дар ноҳияи Данғара ба ҳайси корманди як созмони кредитӣ фаъолият дошта, соли 2011 бо истифода аз шиносномаи ошнояш қарордоди сохтаи ба гарав гузоштани амволро таҳия кардааст: “Ба ин тариқ дар ҳаҷми 2500 доллари амрикоӣ қарз гирифта, онро бар ивази қарзаш ба соҳиби шиноснома додааст. Ваъда дода, ки қарз ва фоизҳоро баробар мекунад, аммо уҳдадориҳояшро иҷро накардааст”.
Манбаъ мегӯяд, Мансур Шарипов соли сипаришуда дар шаҳри Белоротски Бошқирдистон боздошт шуд: “Бар пояи қонунгузории Русия амали ӯ “қаллобӣ, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд” маҳсуб мешавад.
Додситонии кулл гуфтааст, ба истирдоди ӯ Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо машғул хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |