Бахшҳо

Э.Раҳмон дар бораи ҳифзи ҷавонон аз пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ ва зимистони сарду тӯлонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18 сентябр дар мулоқот бо сокинони шаҳри Турсунзода, аз онҳо даъват кардааст, дар шароити имрӯза хеле ҳушёру зирак бошанд ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузоранд.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат ба сокинон ва масъулини шаҳри Турсунзода аз ҷумла таъкид кардааст, “хусусан фарзандони худ ва ҷавононро аз ҳар гуна қонуншиканӣ ва пайвастан ба ҳаракату гуруҳҳои ифротгарову террористӣ, ки ваҳшонияти асримиёнагии онҳо имрӯз аҳли башарро ба даҳшат андохтааст, эмин нигоҳ дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз эҳтимол дур нест, ки тирамоҳу зимистони имсола тӯлониву сард биёяд ва аз изҳор дошта, сокинон бояд ба он омода бошанд: “Чунон ки медонед, ман қариб дар ҳамаи мулоқоту чорабиниҳо масъалаи захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистонро таъкид менамоям. Бо дарназардошти он ки аз рӯи тамоми аломатҳо тирамоҳу зимистони имсола тӯлониву сард омаданаш аз эҳтимол дур нест, ман ин масъаларо дар суханронии худ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб махсус хотирнишон намудам. Ва ҳоло бори дигар ҳамаи роҳбарону масъулон ва аҳолиро огоҳ месозам, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 18 сентябр бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт. Дафтари матбуотии президент мақсади ин сафарро “ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум” арзёбӣ кардааст.
Мӯҳр
АС
Чаноби президент, пешниход дорам, ки нафарони пайваста ба ДИИШ ва дигар созмонхои террористии хоричи аз шахрвандии Точикистон махрум карда шаванд. Кишвархои мутараккию мадание чун Бритониё ва Австралиё чунин кардаанд. Паспорташонро "аннулировать" кунеду вассалом - дигар рохи бозгашташон ба Точикистон барои абад баста мешавад. Бигзор ин курнамакон дар биёбонхои хушки араб хизмати аъробиёни сусморхурро карда гарданд.

Бехтари инсон....!!!! Зинда бошед Чаноб☺

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)