АКС: Порошенко хостори ҳамкории бештар бо Тоҷикистон шуд
Файзулло Холбобоев, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Украина рӯзи 17 сентябр ба Пётр Порошенко, раисиҷумҳури Украина эътимоднома супоридааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди маросими супоридани эътимоднома, Порошенко ва Холбобоев ҳамкории ду кишварро баррасӣ намудаанд: “Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.
Манбаъ мегӯяд, Файзулло Холбобоев ба Порошенко изҳор доштааст, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ба харҷ хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |