Даъвати шаҳрдории Душанбе ба 4 рӯзи “ободонии оромгоҳҳо”

Шаҳрдории Душанбе аз роҳандозии иқдоме бо номи “Ободонии оромгоҳҳо” хабар медиҳад.
Тавре ба "Озодагон" аз дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин иқдом дар остонаи Иди Қурбон, аз 20 то 24-уми сентябр дар ҳудуди пойтахт сурат мегирад. Зимнан, шаҳрдорӣ аз ҳамаи сокинони пойтахт даъват кардааст, дар аксияи мазкур ширкат намуда, “дар покизаву ободон нигоҳ доштани оромгоҳҳо” фаъол бошанд.
Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад. Дар бархе минтақаҳо одамон оромгоҳҳо мераванд ва ба руҳу арвоҳи гузаштагони худ фотеҳа мехонанд. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ахиран санаи таҷлил аз Иди Қурбонро барои имсол рӯзи 24 сентябр эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |