АКС: 41 кушта, 139 боздоштшуда ва 100 парванда дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зимни амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим 139 нафар боздошт гардида, 27 шарики ӯ кушта шуданд.
Ин ниҳод 18 сентябр бо пахши як иттилоия гуфтааст, бархе аз аъзои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим бо либосҳои занона қасди фирор кардаанд, аммо боздошт гардидаанд: “Нисбати 100 нафари боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад”.
Ба иттилои манбаъ дар рафти амалиёт 27 узви гуруҳи мусаллаҳ, аз ҷумла худи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, эшони Ҷунайд Умаров, мулло Умар Юнусов ва нафарони дигар безарар гардонда шуданд: "Дар назар аст, ки имрӯз ҷасади кушташудаҳо ба наздиконашон супорида шаванд".
Мақомоти Тоҷикистон теъдоди низомиёни кушташудаи тоҷикро аз дасти гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим 14 нафар гуфтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |