Хонум Клинтон дирӯз дар идомаи силсиласафари ҷаҳониаш, ки аз Либияву Уммон оғоз ёфт, вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд ва имрӯз бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай мулоқот мекунад. Як ҳадафи Клинтон ба талошҳои оштӣ ташвиқ кардани раҳбарони Афғонистон аст. Гуфта мешавад, аз Душанбе Ҳилларӣ Клинтон озими Тошканд гардида, бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов вомехӯрад.
Маврид ба ёдоварист, чанд рӯз қабл фиристодаи вижаи ИМА дар умури Покистону Афғонистон Марк Гроссман ҳам ба Душанбе омада буд ва бо райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати хоса доир кард. Зимнан,дар нишаст қайд гардид, ки Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он дар асоси усули манфиатҳои баробар ҳамкории пойдор дошта бошад.Ҷаноби Ҳамзамон, таваҷҷўҳи бештар ба роҳҳои ҳамгироии ду кишвар барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар , омодасозии кадрҳои сатҳи муосир барои сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зоҳир гардид.Ҳарду ҷониб омодагии худро барои дастгирии мушаххас аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла дар бахшҳои бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва таъмини робитаи мунтазами миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид намуданд. Масоили ҷилавгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |