Бахшҳо
18 сен 2015 09:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Тасмими TeliaSonera самти кори Tcell-ро тағйир намедиҳад”

Ширкати мобилии Tcell мегӯяд, тасмими TeliaSonera дар мавриди таваҷҷуҳи бештар ба бозори Аврупо самти фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон тағйир нахоҳад дод.

Аз ин ширкат ба “Озодагон” гуфтанд, Tcell дар пайи тавсеаи шабака, роҳандозии технологияҳои муосир ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ аст.
17 сентябр Ширкати шведии TeliaSonera, ки саҳҳоми аслии Tcell мебошад, хабар дод, тадриҷан фаъолияти худро дар Авруосиё қатъ намуда, бештар ба Аврупо рӯ меорад. Ин ширкат ба ҷуз аз Тоҷикистон дар Қазоқистону Узбакистон, Озарбойҷону Молдова ва Гурҷистон фаъолият дорад.
Йоҳан Деннелинд, мудири иҷроии TeliaSonera гуфт, корҳое ки дар давоми ду соли гузашта барои беҳбуди фаъолият дар минтақаи Евразия анҷом гирифт, дигарон метавонанд идома диҳанд.

Улвия Гасанзода, ноиби президенти TeliaSonera Eurasia дар умури коммуникатсия мегӯяд, тасмими гузаштан ба стратегияи нав, ки дар натиҷаи он дороиҳои TeliaSonera дар бозори мухобиротии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакитстон, Гурҷистон, Молдов, Непал ва Озарбойҷон тадриҷан соҳибони худро дигар мекунанд, қабл аз эълони он гирифта шуда, муҳлати муайян ва механизми фурӯши дороиҳо ҳанӯз муайян нагардидааст.

Миндаугас Убартас, сарвари кулли ширкати Tcell мегӯяд, “Tcell дар бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон 15 сол мешавад, фаъол аст ва бешубҳа аз раҳбарияти TeliaSonera манфиати бузург дидааст. Дар ин муддат мо тиҷорати муваффақ ба роҳ мондем ва стратегияи хуберо коркард намудем. Минбаъд низ барои кори ҳаррӯза талоши зиёд ба харҷ медиҳем. Барои роҳатии муштариён ва таҳкими ҷойгоҳ дар бозори мухобиротӣ бештар кушиш хоҳем кард”.
Мӯҳр
Green
Кормандони кумитаи андоз хаминхоро хам намонданд.

Рафтани ширкате бо чунин бузурги, ки дар 5 соли охир барои пешбурди ширкати Tsell маблагхои хангуфте ворид намуд, барои иктисоди Точикистон окибатхои номатлубро ба бор хохад овард.
Ба назари ман ширкати Teliasonera-ро ду омили асоси аз бозори Точикистон хорич карда истодаанд: якум андози нихоят баланде, ки Точикистон барои ширкатхои мобили чори кардааст. Хатто Рохбари Билайн изхор дошта буд, ки ба чуз Точикистон мо дигар дар хеч кишваре чунин андози баландро намесупоем. Ба истиснои андозхои баланд боз супоридани андозхои сарбориву чаримахои хангуфти Кумитаи андоз ширкатхои мобилиро ба дод овардааст.
Коршиносон бар он андешаанд, ки махз хамин гуна муносибатхои горатгарона шояд ин ширкатро аз бозори мухобиротии Точикистон берун карда бошад.
Омили дуюмро омили фасод ном мебаранд, ки ширкатхои хоричи ба он одат накардаанд ва мачбуранд, ки худро аз ин кишвар дур гиранд.
Раиси чумхур хеле кушиш доранд, ки сармояи хоричиро ба кишвар бештар ворид намоянд, вале масъулин баръакси онро ичро мекунанд ва ширкатхоро аз Точикистон мегурезонанд. Окибати ин мороба кучо мебурда бошад?


Все таки есть справедливость )) так им и надо, погрязли в коррупции везде где они работают.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)