Дипломати тоҷик дар идомаи посух ба саволҳо махсус иброз доштааст, ки мо ҳамеша бо арзи сипос дар ёд дорем, ки Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо он робитаҳои самараноки иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монд. Сафир таъкид намуд, ки Туркия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аз лиҳози сармоягузорӣ ва савдо мебошад, аммо корҳои бештар бояд ба анҷом расанд, то зарфияту имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳа ба таври муассир истифода шаванд.
Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Анқара перомуни сатҳи рушди муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд изҳор дошт, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия моҳи январи 2006 ва сафари расмии президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон моҳи майи 2009, инчунин вохӯрии сарони ду давлат дар ҳошияи ҳамоиши созмони ҳамкории иқтисодӣ моҳи декабри соли 2010 ба ҳамкориҳои созандаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф такони тоза бахшиданд.
Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон тайи 5 моҳи аввали соли равон табодули амвол миёни Тоҷикистону Туркия 280.4 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |