Бахшҳо

Вокуниш: Кабирӣ ошӯби Назарзодаро ба сиёсати нодурусти ҳукумат марбут донист

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, на худаш ва на аъзои боздоштшудаи ҳизбаш ба ҳаводиси ахири марбут ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим рабте надоранд.

Кабирӣ панҷшанбеи 17 сентябр дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” гуфт, иддаои Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи худи ӯ ва аъзои ҳизбаш поя надоранд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, "ҳадаф аз сохтакории мақомоти тоҷик ва рабт додани аъзои ҲНИТ ба ошӯби Назарзода" дар пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯ мебошад.

Раиси ҲНИТ ҳаводиси ахирро фурсати муносиб барои пиёдасозии ҳадафи ҳукумат нисбати ҲНИТ хонда, афзуд, "омилҳои ин амали Назарзодаро бояд дар сиёсати нодурусти ҳукумат ҷӯст".

Додситонии кулли Тоҷикистон, имрӯз, 17 сентябр бо пахши як изҳорот Кабирӣ ва аъзои раёсати ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кард. Дар изҳорот аз ҷумла омадааст: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд”.
Мӯҳр
Гросс
насиб чизе бошад мебине-де,додар

дига фоидае надора каппатон дуд кад кабири...

Бедил
Тухмат аст ба Худо касам саводи кабиро ба саводи хамаи Мансабдорон чен куни бо кабири босавод аст АГАР ХНИТ ро бандан мо бо ХНИТ мемонем

Малум мешавад ба гайри хукуматихо дигарон душмани милат ва терористанд дига хеч кас намонд

шоди
Ин мард боз дуруг мегуяд. Чи зарурат дори барои дуруг гуфтан чи туро мачбур мекунад? Охир наход ки тамоми аъзои ХНИТ баъди нокомии Халим чипта гирифта аз Точикистон нияти рафтан созанд. Дигар гап наёфти?

Ганиев
Агар чанде ки аъзои ин хизб худро бегунох гуянд хам алакай рухияи мардум гаштааст.

озодбой
Бародар Мухидин Кабири мо хуб медонем ки Шумо ва Хизбатон хич гунохнадорад аммо афсус ки аз дастамон чуз дуо хичиз намеояд

Такозои замон хамин будааст))))))))))

DIPLOMAT
КОМЕНТАРИЯИ ДИПЛОМАТРО ГУЗОРЕД

Чаноби Кабири такдиратон хамин будааст. Аз такдир чойи гурез нест. Ба такдир тан дихед.

қосимҷон
Ассалому алайкум бародарони мусалмон мо набояд зиқ шавем ҲНИТ на шикастааст ва на рехта Иншоаллоҳ пирузи аз мусалмонон аст фақат аз мову шумо дуо дар ҳаққи мазлумон чунки мо мусалмонон еътиқод ба худо ва китоби у дорем ва мунтазири ваъдаи илоҳи ҳастем....ҳарчики дил хост на он мешавад ҳарчи худо хост ҳамон мешавад.

Чаноби М Кабири сабаби дар Чумхурии Туркия карор доштани Шумо нав ба мо мардуми точик маълум гашт хама кор ки дар ин чо тахт мешуд Шумо омада вазифахоро таксим карда кору борро сар мекардед ахсан ба Шумо душмани миллати точик

Ман хайонам, ки чиба мо як бор фикри онро намекунем, ки чаноби М Кабири аз кучо пул ёфта дар Туркиё кайфу сафо карда мегардад. Маълум, ки чосуси давлатхои дуюму сеюм. Ватанфуруш нафрати мардуми точик сари ту озодагон чоп кун то мардум хиёнати М Кабириро бидонад

беном
хакро мегуед Кабири

мардикор
ба сабза кабириро дар туркия йо дар чойи дигар хамма медонад у олим аст аз барои худо дуст медорад обруяшхам аз барои худо аст дар як рох бошеду поку халол бошед иззату хурмат аз худоаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)