Бунёдгузори Фейсбук: Оянда аз одамоне мисли Аҳмад аст
Марк Сукерберг, бунёдгузори шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз созандагии Аҳмад Муҳаммад, як донишомӯзи мусалмон, ки барои сохтани соаташ ба пулис даъват шуд, истиқбол кардааст.
Бунёдгузори “Фейсбук” дар саҳифааш навиштааст, барои созандагӣ набояд одам боздошт шавад. Ӯ менависад: “Эҳтимол, шумо аз қазияи Аҳмад, донишомӯзи 14-сола дар Текзас хабар доред. Оне ки соати дастсохташро ба мактаб овард. Доштани маҳорати сохтани чизҳои ҷолиб ва баландҳиматтиро бояд истиқбол кард, на боздошт. Оянда аз одамоне мисли Аҳмад аст. Аҳмад, агар мехоҳӣ ба Фейсбук биёӣ, мехоҳам туро бубинам. Созандагиатро давом бидеҳ”.
Рӯзи душанбе муаллимони мактабе дар шаҳри Ирвинги иёлоти Техас баъд аз он ки Аҳмад ба онҳо соати худсохти худро нишон дод, пулисро даъват карданд. Маъмурони пулис ба дасти ин наврас дастбанд зада, барои бозпурсӣ бурданд. Пулис иддаъо дошт, ки соати худсохт шабеҳи бомба буд. Рӯзи дигар Аҳмад Муҳаммад барои се рӯз аз ҳаққи омадан ба мактаб маҳрум гардид.
Шӯрои равобити амрикоиву исломии ИМА аз вуқӯи чунин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки чунин бархӯрди мактаб ва пулис ба ихтироъи наврас ба он марбут буд, ки ин ҷавон аз оилаи мусулмон аст.
Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи сафед Аҳмад Муҳаммадро пазируфт. Ӯ ихтирои ҷавонро “зӯр” донист ва зикр кард, ки бачагонеро, ки машғули илманд, бояд руҳбаланд кард. Ба гуфтаи вай, маҳз ҳамин амр Амрикоро бузург мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |