Боздошти милисионери қалбакӣ дар Рӯдакӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 29-солаи шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки худро корманди милиса гуфта, аз сокини ноҳияи Рӯдакӣ маблағ ситондааст.
Ба иттилои манбаъ боздошти ин сокини пойтахт бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ 16 сентябр сурат гирифт: “Муайян карда шуд, ки дастгиршуда 31 август дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, аз зани 35-сола, сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ ва зӯроварӣ 600 доллари амрикоӣ гирифтааст”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Боздошти милисаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон бори нахуст набуда, чанд моҳи қабл низ ду сокини Суғд дастгир гардиданд, ки худро милиса муаррифӣ карда, пора мегирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |