Шарҳи расмии қочоқи сӯзишворӣ ва тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистон
Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот, иддаои расонаҳои қирғизро, ки гӯиё марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ шаҳрванди Қирғизистонро маҷруҳ кардаанд, рад намуд.
Ин ниҳод имрӯз, 16 сентябр бо пахши як изҳорот қазияро, ки шоми 11 сентябр рух додааст, шарҳ дод: “Бо маслиҳати пешакии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистони минтақаи “Овчиқалъача” 11 сентябри соли равон соати 19:30 марзбонони тоҷик дидаанд, ки 2 адад автомашинаи «Дулан» (бензовоз) ғайриқонунӣ 50-100 метр аз тарафи Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд”.
Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ронандаи мошини якум ба амри сарбозон- «ИСТ!» итоат накарда, хостааст, марзбонони тоҷикро пахш кунад, лекин тахминан баъди 200 метр боздошт шудааст: “Ронандаи мошини дуюм - шаҳрванди Қирғизистон - ҳангоми боздошт ба сарҳадбонони тоҷик зиддият ва муқовимат нишон дода, кӯшиши ба даст овардани яроқро мекунад. Сарбози дигар як тир ба ҳаво холӣ мекунад, ки пас аз ин ронанда мехоҳад бо мошинаш ба самти Қирғизистон гурезад, вале марзбонони тоҷик як тири дигар холӣ карда, ронандаро аз пояш захмдор мекунад, ки ҷароҳат на он қадар вазнин мебошад”.
Дар идомаи изҳороти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти милллӣ омадааст, ки ба таври мармуз шахсони номаълум мошини дуюм бо ҳар ду ронандаро ба Қирғизистон мегурезонанд: “Мошини якум тақрибан бо 50 тонна маводи сӯзишворӣ баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба мақомоти дахлдор ва як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуда, ба ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуд.
Ҷониби Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар вақти рух додани ҳодисаҳои мазкур сарҳадбонони қирғиз ҷараёни ин муноқишаҳоро тамошо карда, барои ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии марз чораҷӯӣ накардаанд.
Мақомоти тоҷик таъкид мекунанд, ки феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |