Санҷиши беморхонаи №20, ки ёрии ройгон ба тоҷикони маҷруҳро рад кардааст
Беморхонаи рақами 20-и шаҳри Маскав, ки табибонаш бидуни пардохти пешакӣ кӯмак ба ду тоҷики маҷруҳшуда дар садамаи нақлиётиро рад кардаанд, мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, имрӯз, 15-уми сентябр иттилоъ додааст.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ қазия 4 сентябр, вақте рух додааст, ки Аловиддин Муинов ва Саид Саидов - ду шаҳрванди маҷруҳшудаи Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ ба беморхонаи №20 шаҳри Маскав интиқол дода шудаанд: “Аммо масъулини беморхона барои як рӯз бистарӣ кардан аз ҳар маҷруҳ 17 ҳазор рубл ва барои ҷарроҳии одӣ 150 ҳазор рубл талаб карда, то рӯзи 7 сентябр муҳлат додаанд”.
Светлана Ганнушкина, як ҳомии ҳуқуқи башар гуфтааст барои дарёфти кумак ба мақомоти баландпояи Федератсияи Русия муроҷиат кардааст, аммо беморон дигар тоқати интизории кумакро надошта хостаанд онҳоро ба Тоҷикистон фиристанд: “Танҳо коре, ки мо барои онҳо метавонистем- харидани чипта ва дорувории сабуккунандаи дард буд, ки анҷом додем”.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳоло Муинов ва Саидов дар Тоҷикистон табобат гирифта истодаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Русия талаб доранд, ки қазияи нарасондани кӯмак ба тоҷикони ниёзманд дар беморхонаи Маскав мавриди омӯзиш қарор гирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |