Акси муштараки раисиҷумҳурон дар Қасри миллат
Баъд аз чанд дақиқаи дигар дар Қасри миллат ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар ҳайати васеъ шурӯъ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат раҳбарони кишварҳои узви СПАД-ро қабул намуда, акси муштарак гирифтанд.
Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи СПАД рӯзи гузашта раисиҷумҳурони панҷ кишвари узви СПАД -- Нурсултон Назарбоев (Қазоқистон), Алмосбек Отамбоев,(Қирғизистон), Серж Саргсян, (Арманистон), Александр Лукашенко, (Белорус) ва Владимир Путин, (Русия) ба Душанбе омаданд. Инчунин, ҳайатҳои расмии ин кишварҳо низ дар пойтахти Тоҷикистон қарор доранд.
Дар доираи ин ҳамоиш ҷаласаҳои Шӯрои вазирони умури хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи дабирони шӯрои амнияти СПАД баргузор хоҳад шуд. Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар поёни ин ҷаласаҳо имзои як қатор санадҳо дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |