Бахшҳо
15 сен 2015 11:22Тоҷикистон / Тема дня

Сипоси Э.Раҳмон барои ҳимояти Путин аз амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва нигаронияш аз ихроҷи муҳоҷирон (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои дастгирӣ аз тадобири амниятӣ, аз ҷумла амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода изҳори сипос кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти ҷонибҳо, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Русия ва шахсан ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ва ҳам барои фиристодани кумаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар посух Владимир Путин бори дигар омодагии Русияро барои дастгирии ҳамаҷониба аз рушди Тоҷикистон баён дошта, Русияву Тоҷикистонро иттифоқчӣ хондааст.

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки барои ислоҳи ин камбудӣ дар ҳудуди Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ба Русия таъсис ёбанд: "Таъкид гардид, ки имконоти беандоза зиёди рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, нақлиёт, энергетика, алоқа ва робитаҳои мустақими байни минтақаҳои ду кишвар бояд васеъ истифода шаванд”.

Масоили муҳоҷирон низ аз мавзӯҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин буда, тибқи иттилоияи расмии ҷониби Тоҷикистон масъалаи осон кардани будубоши тоҷикон дар Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: “Аз он, ки беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо сабаби содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии камаҳамият аз ҳаққи воридшавӣ ба ҳудуди Русия маҳрум гардидаанд, изҳори нигаронӣ карда шуд”.

Баррасии ихроҷи 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия дар сатҳи роҳбарони ду кишвар дар ҳолест, ки Тоҷикистон чанд сол боз талош дорад, то Русия ихроҷшудагон барои қонунвайронкуниҳои маъмуриро афв кунад.


Сипоси Э.Раҳмон барои ҳимояти Путин аз амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва нигаронияш аз ихроҷи муҳоҷирон (АКС)

Сипоси Э.Раҳмон барои ҳимояти Путин аз амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва нигаронияш аз ихроҷи муҳоҷирон (АКС)

Сипоси Э.Раҳмон барои ҳимояти Путин аз амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва нигаронияш аз ихроҷи муҳоҷирон (АКС)

Сипоси Э.Раҳмон барои ҳимояти Путин аз амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва нигаронияш аз ихроҷи муҳоҷирон (АКС)

Сипоси Э.Раҳмон барои ҳимояти Путин аз амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва нигаронияш аз ихроҷи муҳоҷирон (АКС)
Мӯҳр
мухочир
Тезтар ба Евразес аъзо шавед Дигар илоч нест.ин300000 баназдики1млн мешавад.баъд дер мешавад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!?

Маниш
Бовар кунед безор кардед шумо мо мардумро бо ин афсонахоятон

.
Россия чи хак дорад, ки ба ходисахои дохилии Точикистон дахолат мекунад? Магар зури Точикистон бо 7-8 нафар "террорист" намерасад? Ин генералхои МВД ва дифоъ пагонхоро барои чи гирифтаанд?

5
менуянду мехуранду мераванд вале проблема мемонад

То кай домани Русияро гирифта, инқадар шарманда мешавед? Хизмат бе миннат намешавад. Бо роҳи худатон равед. Корхонаҳо созед. Дар ТҶ ғайр аз қоғази туалет вп Хуаксин сементи яъҷуҷу маҷуҷ, ҳатто қаламу ручкаи мактабӣ сохта намешад. Шарм намедоред?

Аз ПУТИНАКО факат илтимос кунен, ки бар ивази 42 соли "ОКНО"
шароити будубоши МУХОЧИРИНРО ба мисли киргизхо бе "ДЕПОРТАТЦЯ"
кунен, то 2000000 нафар мухочирро дигар гам натиян , барои оромии
Точикистон дигар ГАМ нахурен, чун мо "ВАТАНРО БЕШ АЗ ХАР ВАКТА ДОРЕМ ДУСТТАР" !!!!!

Мо точикон чунин сарвари одилро фаромуш нахохем кард.

hasanjon
Мисли харвакта, Президенти ТЧ мегуяду Путин хап аст........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)