14 сентябр: 20 ронанда аз итоат ба милиса саркашӣ кардааст
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон 14 сентябр, дар рӯзи омадани сарони кишварҳои узви СПАД ба Тоҷикистон, зимни амалиёт дар роҳҳои кишвар 2 ҳазору 625 ҳолати қонунвайронкуниро сабт кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти РБДА аз ҷумла 26 далели дар ҳолати мастӣ рондани автомашина, 102 далели идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 20 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 6 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, 4 ҳолати бо аломатҳои қайди бегона, 408 далели суръати баланд ва 3 қатораи ғайриқонунии тӯй ба қайд гирифта шуданд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ВУД рӯзҳои 14-15 сентябр барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар Душанбе ва навоҳии атроф маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда, вуруди мошинҳо аз навоҳӣ ба пойтахт мамнуъ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |