Хизматчиёни ҳарбии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар курсҳои махсус ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора ба «Озодагон» аз кумитаи мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ бо мақсади сайқал додани донишу малакаи хизматчиёни ҳарбии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии тобеи ҷузъу томҳои низоми ин сохтор ва ситодҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста машқҳои соҳавӣ ва машғулиятҳои ҳарбӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад. Хизматчиёни ҳарбие, ки таҷрибаи ками хизматӣ доранд ба курсҳои такмили ихтисос фиристода мешаванд. Ин курсҳо дар ду баст амалӣ мешавад. Басти аввал афсаронеро ба омӯзиш фаро мегирад, ки собиқаи кории яксола доранд. Дар басти дуюм афсароне, ки беш аз як сол дар ин соҳа фаъолият кардаанд. Айни ҳол ҳудуди 30 афсар ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр