Чиптаи ройгон барои тоҷикони муқими Малайзия ба бозии “Истиқлол”-у “Паҳанг”
Донишҷӯён, сайёҳон ва кулли тоҷикону тоҷиктаборони муқими Малайзия имкон доранд, ройгон бозии тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Паҳанг”-и Малайзияро тамошо кунанд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия ба “Озодагон” гуфтанд, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Малайзия ва ширкати “Tm international” тасмим гирифтаанд, ба тамоми тоҷикони муқими ин кишвар, ки хоҳиши тамошои рақобати тими “Истиқлол”-ро доранд, ин имконро бидиҳанд: “То имрӯз беш аз 100 ҳамватанамон аз шаҳри Куала-Лумпур сабти ном шудаанд. Нақлиёт онҳоро ройгон ба маркази варзишии Дорул Мактуми шаҳри Куандан мебарад ва ҳамагӣ чиптаи вуруд ба бозиро дарёфт мекунанд. Хоҳишмандон метавонанд бо рақами +60182771641 тамос гирифта, сабти ном шаванд”.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон чоршанбеи 16 сентябар дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми АФК-2015 бо тими “Паҳанг” вориди рақобат мешавад. “Истиқлол” қаблан дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК, ки 26 август дар Тоҷикистон гузашт, “Паҳанг”-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.
Ба ҳайати дастаи “Истиқлол” таҳти роҳбарии сармураббӣ -- Мубин Эргашев 16 бозингар шомиланд.
Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Туйчиев; Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов, Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев; Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |