Худкушии як ҷавони 25-сола баъди қаҳр кардани ҳамсараш
Як сокини 25-солаи ноҳияи Ашт бар асари муноқишаи оилавӣ даст ба худкушӣ задааст. Бино ба иттилои бошандаҳои ноҳия ин ҷавон Ҳусейн ном дошта, соҳиби як фарзанд будааст: “Ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт, аммо ахиран аз ин кишвар ихроҷ шуд”.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамсари ин ҷавон баъд аз як муноқиша бо падари Ҳусейн ба хонаи волидонаш меравад: “Ҳусейн баъди қаҳр карда рафтани завҷааш бо волидонаш бигу магу мекунад ва рафта худро меовезад”.
Хабари худкушии ин сокини ноҳияи Аштро дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳия низ тасдиқ карда гуфтанд, тамоми иттилои мавҷудро дар ихтирёи додситонӣ гузоштаанд ва тафтиши қазия идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |