Боздошти 8 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар рӯзҳои истироҳат
Мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзҳои истироҳати гузашта зимни амалиёт дар дараи Ромит “8 узви фаъоли гуруҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо-Ҳоҷи Ҳалим"-ро дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик 5 нафар рӯзи 12-уми сентябр ва 3 нафари дигар 13-уми сентябр боздошт гардиданд: “Аз боздоштшудагон 6 адад автомати “АКМ” ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира шуд”.
Расман мақомоти Тоҷикистон то ҳол аз боздошти ҳудуди 110 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани 22 шарикаш хабар дода, афзуданд, ки феълан амалиёт алайҳи худи генерали фирорӣ дар Ромит идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |