14 сен 2015 09:37---
Шарипов иттиҳомоти пулиси Амрикоро туҳмат хонд: Дар ҳақам дуо кунед...
Шарипов, як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи иёлоти Монтанаи Амрико, ки дар дастдарозӣ ба як донишҷӯдухтари ин муассиса айбдор мешавад, иттиҳомот алайҳи худро туҳмату буҳтон хонд.
Шарипов бо ирсоли як иттилоия унвонии “Озодагон” изҳор доштааст, айбе, ки дар Амрико алайҳаш эълон шудааст, туҳмати маҳз аст: “Ман шукронаи Аллоҳ дар озодӣ ҳастам ва дарс мехонам. Ин айбе, ки нисбатам эълон кардаанд, ҳақиқат надорад ва дар ғарибӣ маро туҳмат кардаанд. Ман ба ин ҷо ба хотири илмгирӣ омадаам, на ба хотири даст задан ба корҳои ҳаром. Хоҳиш мекунам, дар ҳаққи ман дуо кунед. Иншооллоҳ ба Ватани азиз баргашта содиқона хизмат мекунем”.
Ин ҷавони тоҷик таъкид намудааст, ки ба зудӣ дар бораи тафсилоти туҳмат суҳбат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои амрикоӣ ҳафтаи гузашта аз қавли пулиси шаҳри Мисулаи иёлоти Монтанаи Амрико иттилоъ пахш карданд, ки Фазлиддин Шарипов, як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Монтана дар озори ҷинсӣ муттаҳам мешавад: “Парванда алайҳи Шарипов 10 сентябр, бо даъвои як донишҷӯдухтари донишгоҳи Монтана боз шудааст, ки иддао дорад, Шарипов пеш аз зуҳри 28 август ба ӯ дастдарозӣ кардааст”.
Ба иттилои мақомоти Монтана шиносномаи Шарипови 27- сола ба хотири ҷилавгирӣ аз фирораш аз Амрико мусодира шудааст. Маъмурини интизомии шаҳри Мисулла таъкид кардаанд, ки феълан тафтишот идома дорад ва дар сурати исботи гуноҳи Шарипов ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |