Ихроҷи 300 донишҷӯи Азҳар баъди боздошти 2 тоҷик барои ҳамкорӣ бо ДИИШ
Донишгоҳи маъруфи Азҳари Миср, умдатарин маркази таълимии Ислом аз ихроҷи 300 донишҷӯи хориҷии худ хабар додааст. Масъулини донишгоҳ далели ин қарори худро чунин шарҳ додаанд, “эҳтимоли пайвастани ин донишҷӯёни хориҷӣ ба созмони террористии “Давлати исломӣ” вуҷуд дошт”.
Ихроҷи 300 донишҷӯи хориҷӣ аз саффи муҳассилини Азҳар дар пайи як ҳушдори мақомоти Миср ба ин донишгоҳ сурат гирифтааст. Хадамоти амниятии Миср ба масъулини Азҳар ҳушдор додааст, ки тибқи иттилои дарёфтии онҳо гӯиё созмони “Давлати исломӣ” мехоҳад, саффи ҷангҷӯёни худро аз ҳисоби донишҷӯёни хориҷии ин донишгоҳ зиёд кунад. Мақомоти амниятии Миср боздошти ду донишҷӯи тоҷик дар ин кишварро ба иттиҳи ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ мисол овардаанд.
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон шоми 20 сентябри соли гузашта дар минтақаи Ҷиза дар маҳалли аҳромҳои бостонии Миср дастгир шуданд. Мақомоти амниятии Миср онҳоро дар ҳамдастӣ бо ДИИШ муттаҳам карда, гуфтанд, ҳангоми бозҷӯии мошини ҷавонони тоҷик ашёи машкук, аз ҷумла либосҳои сафеду сиёҳ, дастпӯш ва як дона ханҷару ду дона телефони мобилӣ, ду дона печгуштӣ (атвёрка) ва ноутбук ёфтаанд. Аммо боздоштшудаҳо тамоми иттиҳомот алайҳи худро такзиб карда, изҳор доштаанд, бо ҳеч гуруҳе ҳамкорӣ надоранд ва наворҳои дар телефони ҳамроҳашон буда аз интернет гирифта шудааст.
Хабаргузориҳои Миср аз қавли боздоштшудаҳо навишта буданд, ду нафари онҳо донишҷӯи донишгоҳи Азҳар ва дуи дигар меҳмон мебошанд ва ҳоло низ танҳо ин ду донишҷӯ дар боздоштгоҳанду боқӣ раҳо шудаанд.
Дар бораи ному насаби ин ду донишҷӯи боздоштшудаи тоҷик, на сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ва на расонаҳои хабарии Миср чизе нагуфтаанду тақдири онҳо ҳам бо гузашти як сол ҳанӯз равшан нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |