Бахшҳо
12 сен 2015 10:20Тоҷикистон / Сиёсат

Радди кушта шудани Назарзода ва марҳилаи ниҳоии амалиёт дар Ромит

Манбаи воломақоми “Озодагон” дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари кушта шудани генерали фирорӣ дар амалиёти 11-уми сентябр дар дараи Ромитро рад кард.

Ба иттилои манбаъ Назарзода то ҳол кушта ё боздошт нашудааст, вале амалиёт алайҳи ӯ ба марҳилаи ниҳоӣ расидаст: “Имрӯз ё фардо тақдираш муайян мешавад. Эҳтимол ӯро зинда боздошт кунем”.

Расман Вазорати умури дохилӣ хабар додааст, ки 11-уми сентябр зимни амалиёт дар Ромит 7 узви гуруҳи Назарзода боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки шоми 11 сентябр хабаргузориҳои “Азия Плюс” ва “Интерфакс” бо такя ба манобеяшон аз кушта шудани Назарзода хабар доданд. Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс” ҳамроҳ бо Назарзода 6 шарики ӯ низ, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, кушта шуданд.

Бино ба иттилои расмии мақомот, то ҳол 22 ҷонибдори Абдуҳалим Назарзода кушта, наздики 100 шарики дигараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилӣ бо даъвати мардум ба ҳамкорӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёти муштараки мақомоти қудратӣ алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад.
Мӯҳр
Фирдавс
Рухашон шод бод!

Мирзо
Муборак шавад муборак шавад чи хубе хабсрихуб

кулябец
Хамаи моро Малакулмавт дар соати даркори чонамонро мегирад ! Лекин чунин маргро ба хеч кас намехохам ! Дар мо генералхо ангуштшумор хастанд ва хама ба ин мартаба намерасанд.
Чи хел ба чунин кор даст задани Назаровро хеч фахмида наметавонам ! Магар иштибохе аз тарафи дигаре шуда бошад??
Чунки одами дорои ин кадар молу мулк дурандеш мешавад !!

САЛМОН
МАН СОАТИ 20 30 АХБОРРО ГУШ КАРДАМ НАГУФТ КИ ГЕНЕРАЛРО ДАСТГИР КАРДАЕМ. ГУФТА ШУД КИ ЯК ГУРУХХАШРО ДАСТГИР КАРДАН. АГАР ШАРХВАНДЕ КИ МАКОН Ё ЧОИ ЗИСТИ ИН ГЕНЕРАЛИ ХОИНРО ГУЯД МАН ХАМЧУН ЯК ШАХРВАНД БА У ЯК МОШИНИ ОПЕЛ АСТРА ДЖ СОЛАШ 1997 МУКОФОТ МЕДИХАМ....

Чамшед
Вокеан генерал Хочи Халим кушта шудааст? Агар ха, пас чаро ВКД ин хабарро тасдикнамекунад ?

Зинад дастгир кардан даркор буд, токи аз у сабахо пурсида мешуд. Маълум мурдахо гап намезананд.

Дкд
Другай уро хамон руз дошта будан ин як спектакл буд

Барои мардуми точик ин генерал барвакт мурдааст.

Ин гуна генерал сазояш маргаст.

Ватан хечгох ин амали нангини ин риядовой Назарзодаро намебахшад сзои ин гуна шахсон магаст.

Ман хамчун шахрванди одди ин амали содирнамудаи катори Назарзодаро махкум менамоям. Ин гуна афродхое, ки бар Ватани худ хиёнат мекунанд сазояшон марг аст.

Озоди натарсу чоп кун............Хай хеч гап не як хоини миллати навобод кам шуд .ураааааааааааааааааа

дубай
Неким меган бисёр камбагалора ёрдам медод
. салдатода ай шоти худущ ош медод ихали генерало камшуморанд

самир
зинда лозим буд генерал шояд худатон барои сарваташ ташкил карда бошед авлод зиёд шудаистодааст мардум ин рузхам басари ягон дорои дигар миёран хоин гуфта шерхои хакикиро нобуд мекунанд

Чамшед,
Ба фикрам Опел астраджят аз камерахои бе хатар як 20 хазор сомони карздор аст)))
Фирдавс,

Саид
Агар генералро кушта бошанд аз кучо маълум мекунанд, ки сабаб чи буд ба ин кор даст зад?

Чупон
Чунин такдир насиби у будааст. Новобаста аз маком ва мартаба у ба як амали нангин даст зад. Хоини миллат ва шармандаи хар ду олам. Одам шудан осон нест, инро як генерал боз исбот намуд. Мурдаашро ба дарё партофтан лозим хоки Точикистон хайф аст.

Ба кушта шудани одамон бояд шод набоши, кид рузе бимири чигуна! Бехабари

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)