Даъвати ҲНИТ аз аъзову ҷонибдорон барои ҳамкорӣ бо мақомот
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамаи аъзо, ҷонибдорон ва мардуми кишвар даъват кардааст, барои ба эътидол овардани вазъият бо мақомоти давлатӣ ва масъулини маҳаллӣ ҳамкории лозимаро ба роҳ монанд.
Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки имрӯз, 11 сентябр нашр гардид, аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват шудааст, “ба фитна ва дасисаҳо дода нашаванд”. Дар изҳорот бори дигар таъкид шудааст, ки ҲНИТ аз ҳодисаҳои ахир нигаронии амиқи худро изҳор намуда, ҳамагуна амалҳои ғайриқонунӣ, зӯроварӣ ва зиддидавлатиро маҳкум менамояд: “Инчунин ба хонаводаҳое, ки пайвандони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ намуда, аз Худованди маннон барояшон сабри ҷамил таманно дорад”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар идома аз матолиби бархе расонаҳо низ нигаронӣ карда гуфтааст, маъракаи таблиғотии густарда дар бархе ВАО ба “ҷанги иттилоотӣ” шабоҳат дошта, заминасози паёмади нохуш барои миллат ва давлат аст: “Маълум аст, ки ин маъракаи таблиғотӣ барои барангехтани кинаву адоват нисбати як ҳизби сиёсӣ, роҳбарият ва аъзои он равона гардида, ҷиҳати омодасозии зеҳнҳо барои амалҳои зишт ва саркӯбгароёнаву ғайриқонунӣ алайҳи як қисме аз шаҳрвандон мебошад”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, ҳарчанд дар гузориши қаблии худ даъвои Вазорати умури дохилӣ дар бораи узви ҲНИТ будани генерал Абдуҳалим Назарзода ва бархе аз ҳамроҳонашро бо санад ва мантиқ рад карда буд, аммо ҳанӯз дар бархе расонаҳои давлатӣ “Ҳоҷӣ Ҳалим” узви ин ҳизб муаррифӣ мегардад: “Ҳол он ки ҳамагон медонанд, тибқи қонунгузории кишвар хидматчиёни сохторҳои низомӣ ҳаққи узвият дар ҳизбҳои сиёсиро надоранд ва инро пеш аз ҳама бояд худи мақомоти давлатӣ инкор мекарданд. Агар ҳар шаҳрванде даст ба ҷиноят мезанад, пас дар назди қонунгузорӣ новобаста аз мансубияти ҳизбияш масъулияти инфиродӣ дорад”.
Дар изҳорот омадааст, замоне дар ҳайати Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон (ИНОТ) будани ин афрод маънии онро надорад, ки онҳо узвияти ҲНИТ-ро дошта бошанд, “ҳамчуноне ки дар ҳайати Фронти халқӣ будани дигар генералҳо ва афсарони исёнгар, амсоли Маҳмуд Худойбердиев, Ёкуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Гулмурод Ҳалимов маънии онро надорад, ки онҳо узви ҲХДТ мебошанд, агарчи аксари роҳбарияти имрӯзаи ин ҳизб аз роҳбарону ҳамсафони ин афрод буданд ва то рӯзи содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ ҳамкору дӯст боқӣ монданд. Ин даъвоҳо натанҳо мантиқи солим надоранд, балки ғайриқонунӣ ва ғаразнок буда, мақсадашон ба ҳар васила рабт додани ин афрод ва ҳодисаҳо ба ҲНИТ мебошад”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо ишора ба матлаби бархе расонаҳои давлатӣ, ки роҳбарияти ҳизбро дар даст доштан дар “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” муттаҳам кардаанд, гуфтааст, “раиси ҳизб шаш моҳ боз дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва даъват намудани чанде аз аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб ва масъулон барои баррасии фаъолияти ҳизбӣ ва омодагӣ ба анҷуман як кори маъмулӣ барои ҳар ҳизб мебошад ва онро ҳамчун омодагӣ барои “табаддулоти давлатӣ”' қаламдод кардан беасос ва ғайримантиқӣ аст”.
Дар идомаи изҳорот омадааст: “Шӯрои сиёсии ҲНИТ вазъияти кишварро баъд аз рух додани ин ҳодисаи ғайричашмдошт, душвор ва печида медонад ва мисли ҳамеша омода аст, ки дар ин рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллат дар амри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ дар паҳлӯи мардум ва давлат бошад. Ҳамзамон лозим аст, ки баъзе мақомоти давлатӣ аз баёнияҳо ва фазосозиҳои эҳсосотӣ ва кинабарангез нисбати ҲНИТ худдорӣ намуда, фазои сиёсиро аз ин бештар вориди марҳалаи беэътимодӣ ва душманӣ нагардонанд. Танҳо дар ин сурат талошҳои роҳбарияти ҲНИТ ва Ҳукумати ҶТ барои ба эътидол овардани вазъият метавонад натиҷаи мусбат диҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |