Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалиму "фитна"-и ҲНИТ: Хориҷиён даст доранд...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода – “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро дузахӣ, хиёнаткор, хизматгори хоҷагони хориҷӣ ва Ҳизби наҳзати исломиро фитнаангез хонд.

Абдулқодирзода имрӯз, 11 сентябр қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе изҳор дошт, "Ҳоҷӣ Ҳалим" хиёнаткорияшро такрор намуда, модари тоҷикро боз гирён кард. Муфтии Тоҷикистон гуфт, аз ҳоли хонаводаҳои кормандони ҳалокшудаи мақомоти умури дохилӣ хабар гирифтааст, ки ҳамсарони ҷавону кӯдакони ноболиғ доранд: “Ба ҳоли онҳо гиряи одам меояд”.

Раиси Шӯрои уламо аз нуқтаи назари шариат изҳор дошт, афроде, ки монанди "Ҳоҷӣ Ҳалим" бидуни гуноҳе мусалмононро мекушанд, ҷояшон ҷаҳаннам мебошад. Муфтӣ таъкид намуд, дар хиёнати гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" хоҷагони хориҷияшон даст доранд, ки агар ин амалашонро анҷом намедоданд, барояшон марг мебуд: “Ҳоло, ки анҷом доданд, барояшон марг аст. Ду понздаҳ як сӣ”.

Абдулқодирзода таъкид намуд, хиёнаткории "Ҳоҷӣ Ҳалим" бори аввал набуда, ба қавли ӯ солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳ бо Ҳизби наҳзати исломӣ мардумро ба ҷанг кашида буд: “ҲНИТ фатво баровард, ҳар касе майдон набарояд, занаш талоқ мешавад. Бо ҳамин фатво чалламуллоҳо мардумро ба майдон кашиданд, ки дар натиҷа 150 ҳазор нафар ҳалок шуд. Ин ҳама натиҷаи фитнаю найранги ҲНИТ аст”.

Ӯ илова намуд, феълан дар ҷаҳон ягон ҳизби исломӣ бе хоҷагони хориҷӣ фаъолият намекунад ва дар лаҳзаҳои муносибу зарурӣ ин аҳзоб алайҳи уммати Ислом истифода мешаванд.

Мавъизаи муфтӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти наздики 90 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 22 шарикаш хабар дода, афзуданд, амалиёт алайҳи ин гуруҳ дар Ромит идома дорад.
Мӯҳр
мухочир
Точикистонро обод дидан мехохем

усмон
чаноби муфти аз ашки модари Умар бобочонов чаро харфе намегуи бигзор хочи халим хаенат кор бошад аммо он чавонеки барой риш лату куб шуд ва аз дуне гузашт чаро хомуши???

И чи бало Халим щид? Гулмуроди ХАЛИМ, Хочи ХАЛИМ... Бо чанд ХАЛИМИ дига мондагияй исён нобардощта?? Тезтар броенда чонмон халос щава!!!

дипломат
МАРДИ ЧАСУР ВА МУСАЛМОН ШУМОЕД МУХТАРАМ МУФТИ МО ШУМОРО ХУРМАТ МЕКУНЕМ

Асадулло
Муфти барои чи ба хонаи оне, ки барои ришаш ки фарзи Оллох хаст задада куштанд нарафти, аз холи модари он бохабар боши!

Акрам
Худо нигахбонатон бошад муфтии мухтарам. Хело хам суханони хикматомузе гуфтаед. Кош он афроди гумрохгашта суханони Шуморо мешуниданду даст аз нооромихо брмегирифтанд. дар хакикат ин хама як фитнае беш нест!!! "дар ҷаҳон ягон ҳизби исломӣ бе хоҷагони хориҷӣ фаъолият намекунад ва дар лаҳзаҳои муносибу зарурӣ ин аҳзоб алайҳи уммати Ислом истифода мешаванд". Сад дар сад хак гуфтед муфтии мухтарам!!!!

Муфти аз холи хонаводаи милисахои мурдаги хабар мегирию аз холи одамонеки аз дасти ин милисахо кушта мешаванд хабар намегири? Ё танхо милисахо зану фарзанду модар доран? Умар бобочонов аз дасти хамин милисахо кушташуд умедчон точиев хамза икромзода ва садхои дигар ки аз дасти милисахо кушта шудаанд чаро ба хонахояшон нарафтию аз холи модарону кудаконашон хабардор нашуди? Мо кур нестем ва дида истодаемки милисаи мо ьа чикорхо машгул аст.

мирзо
РиШтАрОшОнЕмЕ
МеТаРоШоНеМе............

Салом ҳамватанони азизу гироми.
Бародарони азиз ман аз ҳаммаи шумо хоҳиш менамооям ,ки ба еҳсосот дода нашавед,чун мо имруз бӯи ҳамон ҷанги бародар куширо истишмом дорем вале бо тариқ дигар ва замонави, он тариқе,ки душманони милат ва ислом инро тасмим гирифтаанд.
Ман шахсан агар ба вуқуъ пайвастабошад лату куби он марҳум барои ришаш маҳкум мекунам,ки ин усулй давлатдори нест.Вале суол ба миён меояд вай марҳум ба масти маҳкум шудааст то ҳол чаро касе исбот накард,ки вай маст набуд??? агар маст набуд писари намозхон Худо шинос чаро чй мекобад дар байни шароб нушон???. Шариъати ислом маҳкум мекунад кори он бародари ришдорро.Пас агар ришро монда бошад аз барои Худо намондааст. Касоне,ки иддиъо доранд риш фарз аст ин хатои калон аст. Риш фарз не бал,ки суннат мебошад.Барои фарз гуфтани риш то ҳол ягон ъолим ё аз суннат ё аз қурони карим далил наовардааст. Пас аз куҷо мегуянд ин фарза аст ? ба чй ғараз мегуянд ???. Мо мардуми тоҷик ва мусалмон бояд ҳушёр бошем нагузорем сарзаминамон дар пеши чашмамон ба монанди давлатҳои Араб ба хок яксон шавад. Худованд ҳаммаи моро ва Мусалмонони ъоламро дар зери ҳимоят ва раҳматаш нигоҳ дорад.

Абдуллох
Чаро аз холи хонаводони Риштарошитагон хабар намегири? Чаро Масчидро мебанда садо баланд намекуни? Чаро масчидро дар Ёвон чапа кардан махкум накарди?

Мухочир
Ба холи шахидони мухочир, ки дар Федератсияи Русия кушта мешаванд, ки мегиряд?
Ба холи оилаи шахид Умар Бобочонов, ки мегиряд?

Рахмат ба Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки гапи хакро нисбати ХНИТ ва аъзоёнаш гуфтааст. Дар хакикат ин хама дасти ХНИТ мебошад. Хочи Халим аъзои фаъоли ХНИТ буд ва мемонад.

Man
Ин Халимхоро кадом хоричи барои нооромии Точикистон маблаггузории мекунад ачоиб? инхели Халим дар Бадахшон хам хаст якта(Халим Шерзамонов) .,...

Чаро аз умар гап намезанад муфти .муфти ки худаш ба хак гап намезанад худаш ягон гапи рост надорад чаро аз ашки мардуми расия гап намезанад

Рише ки сабаби игвою фитна бошад бехтараш набоша

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)