Аблязов: Дороиҳои президент аз $100 миллиард бештаранд

Мухтор Аблязов, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қазоқистон иддао дорад, дороиҳои Нурсултон Назарбоев кайҳо марзи 100 миллиард долларро убур кардааст. Ӯ ин нуктаро дар як суҳбати ихтисосӣ бо торнамои “Республика” изҳор доштааст.
“Фикр мекунам, ҳангоми баҳо додан ба дороиҳои Назарбоев як чизро ба инобат намегиранд, ки ӯ кишвари 9-ум дар ҷаҳонро аз рӯи ҳудуд дар даст дорад”,-гуфтааст Аблязов дар ин мусоҳиба. Дар посух ба суоли журналист, ки “манзур аз “дар даст дорад” чӣ аст, чунин посух дода: “Ӯ ҳар замоне, ки мехоҳад Қонуни асосии моро тағйир медиҳад ва ин тағйирот дар як маҷлиси “парлумон” мегузаранд. Парлумон, ҳукумат ва додрасҳоро ӯ таъйин мекунад. Ҳамаи интихоботҳо, чӣ парлумонӣ ва чӣ президентӣ тақаллубиянд. Аз ин рӯ Назарбов Қазоқистон ва тамоми чизи дохили онро дар даст дорад. Мардумаш деҳқонанд. Касе норозӣ аст ё зиндон ва ё кушта мешавад. Касе имконият дорад ба хориҷа меравад. Аз ин рӯ, агар дороии Назарбоевро баҳо додан хоҳед бояд талош кунед, баҳои кишваре ҳамчун Қазоқистонро дар назар бигиред”.
Ин сиёсатмадори қазоқ гуфтааст, дороии ширкатҳое монанди “Казахмис”, “Мангистаумунайгаз”, ENRC (гуруҳи Машкевич) ва “Казсинк” ба ҷайби Назарбоев мерезанд. Ба гуфтаи Аблязов ширкати “Казахмис” бештар аз 20 сол аст, ки зери идора ва аз дороиҳои Нзарбоев аст: “Барои мисол дар солҳои 2007, 2010 ва 2011 даромади холиси “Казахмис” 1,4 миллиард доллар будааст. Ҷолиб аст, ки соли 2007-ум нархи 1 тон мис дар бозори ҷаҳонӣ 7175 доллар буд, нархи тилло 695 доллар, нуқра 13,27 доллар. Аммо, динамикаи нархи маҳсулоти “Казахмис” дар соли 2010 боло рафта буд: нархи мис ба 7523 доллар боло рафт (+348), тилло 1275 доллар (+580) ва нуқра 20,02 (+6,73) доллар боло рафт”.
Аблязов гуфтааст, агар ин нархро ба маҳсулоти соли 2011, яъне ба истеҳсоли ҳаҷми мис, тилло ва нуқра зарб занӣ даромади холиси “Казахмис” бояд ҳадди ақал 300 миллион доллар бошад ва дар охири ин сол бояд ба 1,4 миллиард доллар бирасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |