Шӯрои уламо рӯзи Иди Қурбонро баъди чор рӯз эълон мекунад
Санаи дақиқи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 15 сентябр маълум мешавад.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи дақиқи Иди Қурбон дар ҷаласаи Шӯрои уламо эълон мешавад: “Ҷаласаи Шӯрои уламо рӯзи 15 сентябр баргузор шуда, дар он таърихи дақиқи таҷлили Иди Қурбон эълон мешавад”.
Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |