Мақоми 58. Сифати зиндагии солмандон дар Тоҷикистон хушҳолкунанда нест
Тоҷикистон дар раддабандии сифати зиндагии афроди солманд мақоми 58-ро намояндагӣ мекунад. Ин рейтингро созмони ҷаҳонии “HelpAge International” дар пайи як пажуҳиш миёни одамони аз 60-сола боло дар 96 кишвари ҷаҳон таҳия кардааст.
Дар гузориши имсола натиҷаи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 3 зина беҳтар шудааст. Миёни кишварҳои пасошӯравӣ Қирғизистон дар ҷойи 51, Русия 65, Украина 73, Гурҷистон 29, Арманистон 43, Литва 63, Белорус 64 ва Молдова дар ҷойи 77-анд. Натиҷаи беҳтарини кишварҳои пасошӯравӣ насиби Эстония шудааст, ки зинаи 23-ро муаррифӣ мекунад.
Афғонистон дар ин раддабандӣ дар ҷойи 96 омада, бадтарин кишвар барои зиндагии солхӯрдаҳо шинохта шудааст.
“HelpAge International” барои ин раддаюандӣ аз омории Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Созмони ҷаҳонии кор ва ЮНЕСКО истифода кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |