Оқохони IV: Барои оромии Тоҷикистон дуо мекунам
Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва мардуми кишварро бо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтааст.
Оқохони IV рӯзи 9 сентябр дар паёми шодбошияш унвонии Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки ояндаи наздик аз Тоҷикистон боздид ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷараёни кор дар сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ва дигар лоиҳаҳои Бунёди Оқохонро баррасӣ хоҳад кард.
Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон таъкид намудааст, ки Бунёди Оқохон ҳамкориро бо ҳукумати Тоҷикистон ба манфиати мардум густариш медиҳад ва барои амалисозии нақшаҳои ҳукумат дар умури рушди иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Дар охири паём Оқохони IV таъкид намудааст, дуогӯи сулҳ, оромӣ ва шукуфоии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |