Бахшҳо

ВКД: Хабари Додоҷон оиди боздошти Ҳоҷӣ Ҳалим дурӯғ аст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари Додоҷони Атовулло, журналисти тоҷикро дар бораи боздошти Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа рад намуд.

Як манбаи воломақом аз Вазорати умури дохилӣ, ки амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро роҳбарӣ мекунад, 10 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ин хабар дурӯғ аст ва феълан амалиёт алайҳи гуруҳи Назарзода идома дорад.

Шаби 9 ба 10 сентябр Додоҷони Атовулло, журналисти тоҷик ва яке аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар сафҳаи интернетии худ аз боздошти генерал Назарзода хабар дода гуфт, Назарзода феълан ба Душанбе интиқол ёфта, дар ихтиёри мақомот қарор дорад.

Мақомот расман то имрӯз аз боздошти ҳудуди 70 шарики "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 18 узви гуруҳаш хабар додаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва полковники Вазорати мудофиа -- Ҷунайдуллоҳ Умаровро дар хиёнат ба давлат, ташкили иттиҳоди экстремистӣ, терроризм ва тахрибкорӣ муттаҳам мекунад.
Мӯҳр
Мухаммадсодиков
Ман хамчун як омузгори собикадори шахри Душанбе аз Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомотхои кудрати чумхури хохиш менамоям, ки тамоми хешовандони дуру наздики ин ду хоин ва душмани миллатро, дар назар дошта мешавад Абдухалим Назарзода ва Чунайдуллох Умаровро 24 соат мухлат барои баромадан аз худуди Чумхурии Точикистон дода шавад. Хохиш мекунам то нафари охиринашон аз Точикистон берун карда шаванд. Бигзор хамон давлате раванд, ки онхоро дастгири менамояд.

Абдуллох
Ман нафахмидум ту чихели Омузгор хасти, ки ин хел пешниход карди? Тура корут таълим додан ва ислох кардан хаст ё ин ки мардумро аз кишвар сур карданд? Чаро барои гунохи як нафар бояд чанд кас азоб кашад? То рузе шумо барин омузгорон бошад мардуми мо басавод намешаванд!

Точик
Рост гуфти Абдуллох ин муаллимам вазифагир хаст чи.

Абдуллох,
Мухаммадсодиков,
Ба ин бесаводият беэхтиром омузгори собикадор дар собикаи омузгориат чи кадар шахрвандро ба гумрохи ва бесаводи бурда боши.Нони ватан хайфат!

ромити
Бетарафи дар ин милат теша задан ба реша аст .
чи бародару хешхои наздики вай намедонистан аллбата медонистанд барои нагирифтани сари рохи ин нохалаф ва хабар надодан ба макомотхои давлати гуфти муалим шавад бадарга шаванд

Али
Абдуллох, ин ,, омузгор,, аберахои Сталинай чи ? хамун сиёсати пусидаи ,,барои кайк пустина месузонанд,,...
Эй вой бар холут ,,омузгор,,...

Андарз
Хак ба чониби Мухаммадсодиков мебошад. Новобаста аз касбу корам ман шахрванди Чумхурии Точикистон хастам ва такдири он бароям бетафовут буда наметавонад. Барои он ки Точикистон тинчу ором бошад ва ояндаи нек дошта бошад, онро аз нафархои хоину ватанфуруш тоза бояд кард. Бигузор тамоми ахлу авлоди ин хоинон аз Ватан бадарга карда шаванд, то дар гариби зиста,баъд кадри Ватан-модарро донанд. Ин сазои амалхои Хочи Халим аст.Ин корро харчи зудтар бояд кард ва онхоро шармандаву шармсори олам бояд кард, вагарна боз ахлу авлодаш ин хиёнатро такрор хоханд кард.Вагарна фардо дер мешавад.

Хешу табори онхо агар хамрох бошанд бо онхо чазо мебинанд онхое бегунох хастанд хукумат кордор намешавад лекиин дустон ба Макомот кумак кунед то зудтар онхоро ошкор кунад.

Да здраствует Туппые предподаватели )))) хами омузгор дипломам харидагияай чи !

Мулк
ХЕШУТАБОР ЧИ ГУНОХ ДОРА .АЙБАЙ БО БА НОМ МАЛИМ БУДАЙ.

Дар боло навиштахой бародаро нотугри ва галад аст. Чунки хам аз нигох Ислом ва аз Конститутсия худи чинояткор бояд чавоб тия. Хеч шахс ба чой шахси дига чавоб дода наметона. Бигзор чинояткоронро ба чавобгари кашан.

Мухидин
Беҳтарин далели ҳайвонияти башар ҷанг аст....М.Ҳиҷозӣ

Ватандӯст
Ба Муҳаммадсодиқов: Аз навиштаҳоят маълум мегардад, ки ту омӯзгор нестӣ, агар омӯзгор ҳам бошӣ, хеле омӯзгори чаласавод ҳастӣ. Дуюмаш,ту ҳатто намедонӣ, ки аз Тоҷикистон берун кардан кори мақомоти қудратӣ ва ҳукумат не, балки кори суд аст. Суд, яъне додгоҳ ҳукм мебарорад ки кӣ гунаҳгор аст ва барои гуноҳаш чӣ ҷазо мегирад. Ин замони Сталин буд, ки тройка, яъне се нафар муайян мекарданд, ки киро бадарға кунанду киро ба зиндон андозанд. О, ҳоло соли 37 асри гузашта нест ку. Ё ту боз соли 37 ро дар Тоҷикистон сохтанӣ ҳастӣ?! Дар ҳар кор адлу додро бояд риоя кард, дар сухан гуфтан ҳам одил бояд буд ва ба каси бегуноҳ ҷабр набояд кард. Зеро ҳар гуна беадолатӣ оқибатҳои бад дорад.

чабор
агар хамин генерали хоинро дастгир кунанд шояд чандин генерал ва вазирони хоин хам маълум шавад ин танхо нест аз шахсони боло маком ба фикрам бисёранд чаноби оли дигар хеч кадомша бовар накарда шахсан зериназорат гир мумкин ин хел хоин гирдад пурбошад.

мехмон
Бародаро аз ду тараф хам точик мурда истодааст.Бигзор хамон шахсони, ки зидди кормандони хукумат силох ба даст гирифтаанд як бор фикр кунанд мо чи кор кардестем.Ман хамчун шахрванди точик барои ин фавтидагони амалиёт месузам.Фарзанд,падар, модар боз бо оби чашм.Хочи Халим бояд дастгир карда шавад хаммаслаконаш низ.Зинда ва пурсиш оиди ин нияти нопокшон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)