Интиқоди “Washington Post” аз пуштибонии Э.Раҳмон ва ваъдаи Ҷон Керрӣ
The Washington Post, нашрияи маъруфи амрикоӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба феҳрасти 5 роҳбар ворид кардааст, ки бо вуҷуди нақзи ҳуқуқи инсон аз ҳимояти Иёлоти муттаҳидаи Амрико бархӯрдор мебошанд.
Нашрия 9 сентябр ба самъи шаҳрвандони Амрико расондааст, ки ҳукумати ин кишвар аз ҳисоби андозсупорандагон барои манофеи худ аз роҳбароне пуштибонӣ мекунад, ки ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд. Дар феҳрасти нашркардаи The Washington Post аз ҷумла Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳамад иби Исо-ал Халифа, шоҳи Баҳрайн ва Теодоро Обианг, президенти Гвинея ворид шудаанд.
Нашрия бо зикри вазъи ҳуқуқи инсон дар 5 кишвари зикршуда, таъкид мекунад, ки дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон бадтар шудааст. The Washington Post аз шиканҷа, саркӯбии мухолифину нақзи озодии баён дар Тоҷикистон интиқод намуда, афзудааст, ки бо вуҷуди ин Амрико барои манофеяш дар Афғонистону мубориза бо ҷангиёни исломӣ аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.
Матлаби нашрияи маъруф дар ҳоле нашр мешавад, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ин кишвар 9 сентябр Эмомалӣ Раҳмон ва тоҷикистониёнро ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд. Аз ҷумла Ҷон Керрӣ дар паёмаш Тоҷикистонро шарики муҳим хонда, илова намудааст, ки аҳамияти Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш мебошад. Керрӣ инчунин бо изҳори таассуф аз ҳодисаҳои рӯзи 4 сентябр ва баёни ҳамдардӣ ба наздикони қурбониён ваъда додааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар умури амният тақвият хоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |