Раҳоии Собир Валиев дар Молдова
Собир Валиев, мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аз боздошт раҳо шудааст. Ин хабарро вакили дифои ӯ таъйид кардааст.
Додгоҳи Кишинев 27 август муҳлати боздошти Валиевро, ки 12 август бо дархости мақомоти тоҷик боздошт ва то 31 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд, 20 рӯзи дигар тамдид кард. Додгоҳ далел ин тасмими худро нагирифтани дархости расмии Тоҷикистон барои истирдоди Валиев гуфтааст. Аммо Дмитрий Слюсаренко, вакили дифои ин сиёсатмадори боздоштшуда гуфта, ҳеч далеле барои тамдиди муҳлати боздошти ӯ вуҷуд надорад ва қарор аст, ба Палатаи аппелятсионӣ шикоят бубаранд. Ҷаноби Слюсаренко гуфтааст, қазияи Валиев зери назари САҲА, намояндаи аршади СММ дар умури паноҳандаҳо, Афви байналмилал ва “Promo-Lex” мебошад.
Имрӯз, 9 сентябр Палатаи апеллатсионии Додгоҳи Молдова тамдиди муҳлати Собир Валиевро ғайриқонунӣ донистааст.
Собир Валиев, муовини раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" ва “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”, ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати кишвар машғуланд, шоми 11 августи соли равон замоне, ки қасди сафар ба Истанбули Туркия дошт, дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |