Се рӯз истироҳати туркманҳо барои Иди Қурбон
Туркманистон Иди Қурбонро рӯзҳои 24, 25 ва 26 сентябр ҷашн мегиранд. Бино ба иттилои расонаҳои туркманӣ, бо як фармони раисиҷумҳури Туркманистон ин се рӯз таътил эълом шудаанд.
Дар фармони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфта шудааст, ҳадаф аз ин иқдом ҳифзи суннатҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии мардуми туркман, таҳкими якпорчагӣ ва башардӯстӣ мебошад. Ҳамчунин бо фармони раисиҷумҳури Туркманистон идораи хидмати миллии “Туркменховаёлларӣ” мувазаф шудааст, аз ҳисоби маблағи худ 188 зоирро ба зиёрати Каъба бубарад.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |