Бахшҳо
08 сен 2015 14:15Тоҷикистон / Тема дня

Боздошти боз 3 нафар ва тақсимшавии шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим ба гуруҳҳо

Мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд имрӯз, 8 сентябр боз се узви гуруҳи генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода маъруф бо лақаби "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро дар дараи Ромит боздошт намуданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз боздоштшудаҳо 5 автомати "АКМ" ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим", ки асосан аз собиқ размандагони мухолифин ва низомиёни баталиони 25-ум иборат аст, дар пайи фирор ба дараи Ромит ба гуруҳҳо тақсим шуда, қисме аз онҳо силоҳро дар хонаҳояшон пинҳон намудаанд: “Бо вуҷуди ин дар пайи амалиёти мақомот ин гуруҳҳо муайян ва дастгир карда мешаванд”.

ВКД мегӯяд, афроде ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё дар бораи он хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Қаблан мақомоти умури дохилӣ аз боздошти беш аз 50 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 17 нафари онҳо иттилоъ доданд. ВКД меафзояд, феълан амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар Ромит идома дорад.

Акс аз гузоришҳои видеоии ВКД
Мӯҳр
Аз макомоти ВКД хохиш мекунам, ки касе ярок ба даст гирифтаву онро супоридааст онхоро низ ба чавобгари кашанд. ЗЕРО ин гурух хатарзоянд ва дар оянда барои чомеа боз мушкилиеро ба бор хоханд овард.

бобо
хамин чумъалоро нагз дарк кунед хулосаи ин амалиётро мефахмед
ВКД эълон кардааст, афроде, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Gyl
Aku kase yak bor salom karda boshayam odami hoji halim gufta, kushtan megiran!!!

Сафар
Ин бачахакора гумрох кардиян, набошад 200 нафари Халим дар назди 30 хазор аскари хукумат ба нол баробаранд. Дилам ба оилахову авлодашон месузад...

Хочи Халим ба Вазорати дифоъ пеш аз хамлаи Зиёрадин ба ШВКД шахри Вахдат шабохун зад, чи тавр мешудаст, ки гуё баъди хамлаи Зиёрадин генерал касди фирор карда бошад! Кадом шаходат, кадом мухосира? Хиёнат нобахшиданист, бахусус агар он зидди миллату давлат бошад! Абдулоев Зиёрадин бо якчанд нафар омада, бо рохи фиреб милисахои ШКД Вахдатро моил кард, ки дарро кушоянд. Ана хакикати хол! Мантик нест дар "изхороти" ба ном аз Хочи Халим. Ин генерал ними шаб омад, бо суистифода аз макомаш генерали навбатдору дигар афсаронро дар ВМ махкам кард, сипас силоху мухимоти чангиро ба КАМАЗ бор карда, тарафи Ромит бурд. Хамлаи Зиёрадин бошад, хамчун отвелающий маневр карибихои сахари 4-уми сентябр амали гардид. Эшони Чунайд, як хоини дигар ба кисми харби дар ДОК хучум карда, бо истифода аз сардори инспексия буданаш афсарони навбатдорро наручник зада, махкам кард. Сипас афсарону сарбозони бокимондаро якчооя бо силоху мухимот ба мошинхо бор карда, суи Ромит рафт. Ин се занчири як чиноят ас, ки Хочи Халим кашидааст ва амали кард. Хеч гап не, дур нест он рузе, ки дастандаркорону саркардахои пасипардагии ин амали террористи маълум шавад. Хиёнат нобахшиданист, генерали фирори. Хазор изхорот куни ё накуни дигар фоида надорад...

ы
Озодагон

Магар щумо филиали МВД хастед ки щабу руз маълумоти дуругро пахш мекунед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)