Парвози “беспилотник”-ҳои Русия алайҳи “террористҳо” дар 40 километрии Душанбе
Вазорати мудофиаи Русия аз машқҳои муштарак бо низомиёни тоҷик алайҳи гуруҳҳои террористӣ дар куҳсори назди Душанбе иттилоъ додааст.
Ярослав Рошупкин, масъули ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201 зертобеи он мебошад, 7 сентябр аз машқҳои муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Русия алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар шароити куҳсор хабар додааст, ки дар 40 километрии ҷануби Душанбе баргузор мешаванд.
Тавре расонаҳои Русия аз қавли Рошупкин иттилоъ медиҳанд, дар машқҳо, ки алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ равона шудаанд, дастгоҳҳои парвозкунанда ё худ ба истиллоҳ “беспилотник”-ҳои навъи «Леер-2» ва «Гранат-1» истифода мешаванд.
Масъули Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, “беспилотник”-ҳо барои кашшофӣ ва назорат истифода бурда мешаванд: “Барои дақиқ кардани ҷои будубоши ҷинояткорон ва ҷобаҷогузории низомиён кӯмак мекунанд”.
Иттилоъ дар бораи ин машқҳо алайҳи гуруҳҳои террористӣ дар наздикии Душанбе дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон рӯзи сеюм аст, ки алайҳи гуруҳи генерали фирорӣ-Ҳоҷӣ Ҳалим амалиёт мегузаронанд. То ҳол тибқи иттилои расмӣ ҳудуди 56 узви ин гуруҳ боздошт ва 17 нафар кушта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |