Бахшҳо

Қатъи хизматрасонии СМС ва нахустин паём аз қавли Ҳоҷӣ Ҳалим

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон хизматрасонии ирсоли паёмак - СМС-у ММС-ро қатъ кардаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” муштариёни ширкатҳои мобилӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки аз зуҳри 6-уми сентябр наметавонанд паёмак фиристанд ё қабул кунанд.

Қатъи ин хизматрасонӣ дар ҳолест, ки амалиёти мақомоти тоҷик алайҳи Абдуҳалим Назарзода, генерали фирории тоҷик дар дараи Ромит идома дорад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли ӯ паём нашр шудааст. Дар он, ки нахустин изҳороти Назарзода муаррифӣ мешаваду иттилое дар бораи воқеӣ будани он рӯи даст нест, тамоми иттиҳомоти мақомоти тоҷик алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим рад карда мешавад. Дар изҳорот, ки аз қавли Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои муътабари Русия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз ин ҳодиса ӯро сарчашмаҳояш дар мақомот огоҳ менамоянд, ки имшаб ӯ ва чанде аз собиқ фармондеҳони ИНОТ ҳабс мешаванд: “Ӯ чанде аз фармондеҳони собиқи ИНОТ-ро дар ҷараён мегузорад ва онҳоро барои машварат ба манзилаш даъват менамояд. Баробари расидани онҳо эҳсос менамоянд, ки баромадҳои шаҳри Душанберо бастаанд ва дар муҳосара афтодаанд ва ҳамагӣ ҳабс ё кушта ҳоҳанд шуд. Тасмим гирифтанд, аз он ки ҳабс ё таҳқиромез кушта шаванд, дар набард ва мубориза бо шаҳодат бирасанд, авлотар аст. Пас аз машварати кутоҳ, дар як амалиёти ногаҳонии барқосо аз чанд идораву қисмҳои низомии наздик силоҳу муҳиммоти заруриро ба даст оварда, ҳалқаи муҳосираро дар яке аз самтҳои беруни шаҳр рахна мекунанд”.

Дар изҳороти паҳншуда таъкид шудааст, ки Ҳоҷӣ Абдуҳалим сабаби асосии чунин тасмими ногаҳонии ҳукуматро барои нобуд кардани собиқ қумандонҳои ИНОТ дар он мебинад, ки на ҳама дар Баёнияи зидди Наҳзат имзо гузоштанд ва тарафдорӣ карданд.

Ин изҳорот, ки феълан иттилое дар бораи воқеӣ будани он рӯи даст нест, то ҳол аз ҷониби мақомоти тоҷик шарҳ дода нашудааст.
Мӯҳр
Самандар
Хочи Халим баъди он, ки тираш хок хурд боз чунин суханхои пуч ва бемагзро овоза кардааст. Хукумат собик кумандони ИНОТ-ро нобуд мекунад. Агар ба Хукумат чунин кор лозим бошад онхо кайхо нест карда мешуданд. Баъдан ба собик ИНОТ вазифахои баланд ва рутбахои оли намедод. Бехтараш он, ки Хочи Халим оиди куштани кормандони ШВКД ягон шарх медод. Ба волидайни пур аз дард ва хамсару фарзандони хуни чигари кормандони ШВКД ягон харф мезад. Хочиии Худо бехабар

кулябец
Барои чи аввал унвону вазифа медиханду баъдан хабс ? Намешавад шахсони содикро вазифа дод ва чунин шахсон хеле зиёданд.

Точикистони
Ана гап дар кучо хм

Ана гап дар кучо

мухочир
Вокеият нав ошкор мешавад..

О дуруг будани хамин паём аз кавли Хочи Халим дархол маълум аст. Хочи Халим ба Вазорати дифоъ пеш аз хамлаи Зиёрадин ба ШВКД шахри Вахдат шабохун зад, чи тавр мешудаст, ки гуё баъди хамлаи Зиёрадин генерал касди фирор карда бошад! Кадом шаходат, кадом мухосира? Хиёнат нобахшиданист, бахусус агар он зидди миллату давлат бошад! Абдулоев Зиёрадин бо якчанд нафар омада, бо рохи фиреб милисахои ШКД Вахдатро моил кард, ки дарро кушоянд. Ана хакикати хол! Мантик нест дар "изхороти" ба ном аз Хочи Халим. Ин генерал ними шаб омад, бо суистифода аз макомаш генерали навбатдору дигар афсаронро дар ВМ махкам кард, сипас силоху мухимоти чангиро ба КАМАЗ бор карда, тарафи Ромит бурд. Хамлаи Зиёрадин бошад, хамчун отвелающий маневр карибихои сахари 4-уми сентябр амали гардид. Эшони Чунайд, як хоини дигар ба кисми харби дар ДОК хучум карда, бо истифода аз сардори инспексия буданаш афсарони навбатдорро наручник зада, махкам кард. Сипас афсарону сарбозони бокимондаро якчооя бо силоху мухимот ба мошинхо бор карда, суи Ромит рафт. Ин се занчири як чиноят ас, ки Хочи Халим кашидааст ва амали кард. Хеч гап не, дур нест он рузе, ки дастандаркорону саркардахои пасипардагии ин амали террористи маълум шавад. Хиёнат нобахшиданист, генерали фирори. Хазор изхорот куни ё накуни дигар фоида надорад...

Бериш
Ана гап дар кучо!!!

Ана гап дар кучо!!!

Зирак
Эҳтимол ҳаминхел ҳам шуда бошад ва президент низ аз ин ҳақиқати ҳол огоҳие надошта бошад, зеро ин ҷиноятро шояд қувваи саввум содир карда бошад, то байни нерӯҳо даргирӣ сар занад, мисли соли 1992. Озодагон чоп кун ин версияи маро. Ҳеҷ не ту хиёнат накун.

илхоми
Бояд худашро тобонда бегунох нишон дихад, дигар хеч...

Хочи Халима, ки корош барор нагирифт дигар хамачизро бахона мекунад.

То ба кучо мегурези. Хёнаткор дар хар давру замон ба максад намерад

Cагра наке генералзебайСамандар,
Самандар,
Самандар,

тоҷик
бесавод ҳечиз аз сиёсат намедони чида назар мети!
чашму гӯшта пушиди ҳавои ҳавои гап мезанӣ!
Озодагон ин гапи мара пахшкунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)