Бахшҳо
07 сен 2015 09:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

(АКС) Дар Душанбе бо 43 миллиону 850 ҳазор сомонӣ Раёсати консулгарии ВКХ бунёд мешавад

Дар Душанбе бинои 9-ошёнаи Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон бунёд мешавад, ки хазинаи он 43 миллиону 850 ҳазор сомонӣ гуфта шудааст.

Дафтари матбуотии президенти кишвар мегӯяд, субҳи имрӯз, 7 сентябр Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ санги асоси Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷиро гузоштанд: “Ин иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 9 ошёна иборат хоҳад буд. Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур додаст, бино бо сифати хуб дар муҳлати як сол то ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шавад. “Раёсати консулгарӣ бо тарҳи зебои меъмории миллӣ ва бо сангҳои ороишӣ сохта шуда, дар ошёнаҳо он утоқҳои кории шуъбаҳо, идораҳо, толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои дарсӣ ҷойгир карда мешавад. Барои дар ҳама фасли сол муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино он бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир таъмин мегардад. Ба ғайр аз утоқҳои барҳавои корӣ, ки бо шароити замонавӣ барои коргузорӣ бунёд мешавад, дар таҳхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои мошинҳои коргарон, анборхона, зеристгоҳи барқӣ ва дигар утоқҳои техникӣ ҷойгир мегардад. Инчунин дар ошёнаи якум утоқи қабули меҳмонон, қабули муштариён бо 134 ҷой ва 8 утоқи иҷозатномадиҳӣ бунёд мешавад”,-меафзояд манбаъ.


(АКС) Дар Душанбе бо 43 миллиону 850 ҳазор сомонӣ Раёсати консулгарии ВКХ бунёд мешавад

(АКС) Дар Душанбе бо 43 миллиону 850 ҳазор сомонӣ Раёсати консулгарии ВКХ бунёд мешавад

(АКС) Дар Душанбе бо 43 миллиону 850 ҳазор сомонӣ Раёсати консулгарии ВКХ бунёд мешавад
Мӯҳр
Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ,

Дигар кор надоран хар руз як бино месозан. О хаму бинои бохашамати ВКХ бас нест ?

Сифоиза
Раёсати консулӣ чӣ дошта бошед, ки бинои алоҳидае месохтаст.

Фархангдуст
бехтарин аст ин икдом, хушхол мебудем, ки дар баробари дигар макомотхо бинои Вазорати фархангро бо чунин тархи замонави месохтанд, чунки рузе мешавад дар болои кормандони он сакви вазорат меафтад. Бо умеди орзуи ободони ва рушди миллати бо фарханг.....

Зинда бош, эй Ватан Точикистони озоди ман

Бо тамоми камбудӣ ва норасоиҳояш ман ба Вазорати корҳои хориҷӣ эҳтиром қоилам. Ин ягона идораи бузурги давлатӣ аст, ки дар пештоқи иморат номашро бо тоҷикӣ ва англисӣ, забони байналмилалӣ навистааст, на ба русӣ, ки дар дигар вазоратҳо дида мешавад. Ин далели шуҷоат ва эҳсоси баланди ватанпарастии коргарони ВКХ аст. БО ИСТИФОДА АЗ ФУРСАТ ҲАМАИ КОРГАРОНИ ОН ВАЗОРАТРО БО ҶАШНИ ФАРХУНДА - РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТАБРИК МЕГӮЯМ. Байрақи истиқлолиятро баланд бардоред, бародарон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)