Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Аз боздошти афсарони ВМ то шоҳидии Абдуллоев: Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамаро подставит кард..

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 42 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо шумули муҳофизони ӯ ва афсарони Вазорати мудофиа хабар дод. Ба иттилои манбаи “Озодагон” то ҳол 42 шарики "Ҳоҷӣ Ҳалим" боздошт ва 17 нафар кушта шудаанд.

Манбаъ дар қатори боздоштшудаҳо аз подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ ва майор Насим Юсупов, нозири калони раёсати молия ва буҷаи Вазоратро ном бурда гуфт, қаблан аз ин амалиёт огоҳӣ дошта, вале мақомотро огоҳ накардаанд.

Ба иттилои ВУД, шарикони "Ҳоҷӣ Ҳалим" шаби 3 ба 4 сентябр дар хонаи Сироҷиидин Одинаев, маъруф ба "Ҳоҷӣ Сироҷ", собиқ корманди Вазорати дифоъ, дар кӯчаи Сари Осиёи Душанбе ҷамъ омада, фармоиши "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро интизор будаанд. Ба гуфтаи манбаъ, "Ҳоҷӣ Сироҷ" ҳамчун хазинадори гуруҳ будааст, ки ҳар моҳ ба ҳар узви он 100 долларӣ ва маводи ғизоӣ медодааст.

АКСУ ВИДЕО: Аз боздошти афсарони ВМ то шоҳидии Абдуллоев: Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамаро подставит кард..Подполковник Мустафо Назаров , муовини командири бригадаи десантии Вазорат, ки ҳамчун узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" муаррифӣ мешавад, иқрор кардааст, аз нақшаҳо огоҳ буд ва хато кардааст, ки саривақт ба мақомоти амнияту умури дохилӣ хабар надодааст: “Шаби 3 ба 4 сентябр вақте маро фарёд карданду он ҷо рафтам, хато кардам, ки ба кормандони Кумитаи амнияту Вазорати умури дохилӣ хабар надодам”.

Майор Насим Юсупов низ изҳор медорад, ки “аз гапҳояшон фаҳмидам, ки мақсадашон ҳуҷум ё задани ягон ҷо аст. Гуфтанд, рав яроқ гир, бе ягон имзогузорӣ яроқ тақсим мекарданд, ман ҳам яроқ гирифтаму дар фикри гурехтан аз байни онҳо шудам”.

Дар қатори боздоштшудаҳо инчунин Одилбек Аюбов соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе ва Хуршед Холиқов сокини 39-солаи Душанбе, муҳофизони генерал "Ҳоҷӣ Ҳалим" гуфта шуданд.

Файзулло Абдуллоев, ки узви дигари гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" муаррифӣ мешавад, дар гузориши видеоии таҳиякардаи ВКД дар мавриди бархӯрдаш бо кормандони “ОМОН” гуфт, “онҳо гуфтанд, аз “ОМОН”-ем шумо аз куҷоед? Мо гуфтем, “СПЕСНАЗ”-и Миноборона, ки дар ин миён чанд секунд пас перестрелка сар шуд. Ман ҳам ростӣ ду се тир задам, намедонам, расид ё на”.

АКСУ ВИДЕО: Аз боздошти афсарони ВМ то шоҳидии Абдуллоев: Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамаро подставит кард..Абдуллоев, ки дар итоат накардан ба кормандони милиса ва оташкушоӣ ба сӯи онҳо айбдор мешавад, амали "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро хиёнат арзёбӣ карда, таъкид намуд, рафиқону одамони атрофашро подставит кард: “Кори кардааш ҳам хиёнат ҳам подставиткунии ҳамаи рафиқону бачаҳои гирду атрофаш аст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар дараи Ромит идома дорад. Қаблан ин ниҳод теъдоди ҳамроҳони фироркардаи собиқ муовини вазири мудофиаро дар Ромит 7-8 нафар арзёбӣ кард. Аммо 6 сентябр хабар дод, зимни амалиёт дар Ромит 4 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" кушта, 7 нафари дигар боздошт шуданд, ки дар маҷмӯъ 11 нафарро ташкил медиҳад. ВКД мегӯяд, феълан амалиёти муштараки ин ниҳод ва КДАМ дар Ромит идома дорад.

ВИДЕОИ ГУЗОРИШИ ВУД дар бораи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
Мӯҳр
NATO
Набарод шумо хочи Халимро паставид кардагийт ки озод ва бемолол гап мезанед

Чавон
Чандин матлабе, ки вобаста ба казияи мазкур дар расонахо нашр шудааст хамаги яксонанд, яъне як мантику мухтаво доранд. Лек чанбаи дигар комилан норушан аст. Ин хамларо чи метавон унвон кард? Изхори норозиги аз сиёсати Эмомали Рахмон ваё хифзи нангу номуси ахли хонадон. Манзурам он сиёсати баргалате аст, ки алайхи ришу хичобу салла имруз дар чомеа ба таври густурда идома дорад. Харчанд соли чори дар вохури бахшида ба рузи занон Чаноби Президент ишро ба ранги сатр кард на ба худи он. То чое медонам, дар мавриди риш харфе нагуфт. Вале масъулин баъди ин ишораи Президент аз маколи "Ба чои салла, калла" кор гирифтанд.

Сарвар
Гусолаи ..... подаро меолонад. Подполковник ва майор шуда кори хато кардам мегуянд. Шумо кори хато не чиноят содир намудед. Осоиштагиро вайрон кардед. Хуни нохак резондед. Дар назди кишвархои хоричи обруи ЧТ-ро дар арафаи чашни Истиклолият рехтед.

Чунин хиёнаткор на танхо хамкорон балки тамоми мардуми точикро "подставит" кард. Хамаро шарманда кард ин номард. Чунин хиёнаткор набояд сохиби обу ру ва вазифаи баланд бошад. Зеро чунин фард хамавакт ба хиёнат харакат карда чомеаи имрузаи солимро метавонад вайро кунад.

Садкаи нону намаки Ватан куна и Хочи Халима! Шарманда касами ёд кардаад ку? Магар хуни нохак рехтан ва куштори милисахо ба ту чи дод? Рутбаи генерали дошти, хонаи бохашамат, молу мулки дуздидаат то ба аберагонат мерасид. Ту номарди ва бояд чазо гири ва имруз ё фардо барои хуни рехтаи нохакат чавоб мегуи!!!!!!

Махсум
Хамин хайрон меши да, чи камбуди дошт хамин генерал, факат киссааш пури пул, хонааш пури хурока, бачахош бо либосу пушока таъмин, хама новобаста аз таърихи пештарааш иззату эхтиромаш мекарданд. Бовари дорам, ки ягон кас бисёр чихо ваъда карданду дар натича фиребашон доданд.

Ха бесавод ношукр банда, шукронаи ин тинчиву оримии миллата намекни ту бесавод... намаки миллат кур кунад ту барин ношукрора!!!!!!

Хиёнати кардаи Шумо Хочи Халим нобахшиданист. Мебоист дар мансаби ишголкардаатон пеши чунин чинояту хиёнаткорихоро худи Шумо пешгири менамудед. Ба номи ислом ва хочиги иснод оварди.

Хиёнаткорон хечгох ба максад намерасанд ва нахохад расид.

саид
агар Худои накарда ин чиноят ва хиёнати содирнамудаи хочи Халим боиси мураккаб гардидани вазъият ва ноамнии Ватани махбубамон мегашт, боз хуни нохак мерехт, иктисодиёт фалач мешуд, обруи Точикистон дар арсаи чахон коста мегардид, мардум аз ризку рузи мемонд, фардо рузи киёмат ин "хочии ботакво" назди Парвардигор чи чавоб медод?
Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,
Надонистам, ки саг хун мехурад, хунхор мегардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)