ВКД: 4 ҳаммаслаки Ҳоҷӣ Ҳалим безарар ва 7 нафар боздошт шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани боз чор аъзои гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, аъзои гуруҳи собиқ муовини вазири дифоъ дар пайи амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имрӯз, 6 сентябр дар дараи Ромит безарар шудаанд. Торнамои расмии ВКД менависад, дар пайи ин амалиёт ҳамчунин 7 нафар боздошт шудааст: "Миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати "АКМ", 50 тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд".
ВКД ва КДАМ аз шаҳрвандон барои ҳамкорӣ ва ироаи кумак "дар несту нобуд гардонидани гуруҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М." изҳори ташаккур карда, таъкид кардааст, амалиёт барои безарар гардонидани аъзои дигари гуруҳ идома дорад.
Кушта шудани чор нафар ва боздошти 7 аъзои гуруҳи ба гуфтаи мақомот ҷиноятпешаи генерали фирорӣ дар ҳолест, ки қаблан ВКД гуфта буд, дар пайи амалиёти рӯзи 5 сентябр 32 ҷонибдори ӯ дастгир ва 13 нафар безарар шуда, "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо 7-8 нафари дигар дар муҳосира қарор дорад.
Мақомот Абдуҳалим Назарзодаро дар созмон додани дастаи террористӣ муттаҳам мекунанд ва ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдату гардиши фурудгоҳро, ки ҷони ҳашт корманди ВКД-ро гирифт, кори ҷонибдоронаш мегӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |