Шанбе, 5 Апрел 2025
Даъвати хонум Эллиот аз амрикоиҳои муқими Душанбе

Сюзан Эллиот, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвараш дар шаҳри Душанбе даъват кардааст, ба ҷойҳои серодам нараванду аз эҳтиёт кор бигиранд.
Хонум Эллиот дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, “ҳарчанд вазъият феълан дар пойтахти Тоҷикистон ором аст, вале шаҳрвандони Амрико бояд аз ҳузур дар ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд”. Ӯ инчунин аз шаҳрвандони Амрико, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе қарор доранд, хостааст, ба шаҳру навоҳии берун аз пойтахти Тоҷикистон сафар накунанд.
Ба қавли хонум Эллиот, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 8 сентябр дубора корро аз сар хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳои хунини рӯзи 4 сентябр ба далели таъмини амнияти кормандонаш муваққатан дарҳои худро баста буд.
Субҳи 4 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе алайҳи кормандони пулис ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки беш аз 10 қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ин ҳамлаҳоро кори генерали фирорӣ - Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |