Суҳбати Аслов бо президенти Афғонистон дар бораи сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Афғонистон бо Ашрафғанӣ Аҳмад, раисҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон баргузор шудааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла самтҳои тавсеаи равобит миёни ду кишвар дар соҳаҳои марбут ба сохтмони лоиҳаҳои роҳи оҳану автомобилгард, омӯзиши мутахассисони афғон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.
Инчунин ҷонибҳо роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки дар соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мубодилаи афкор намудаанд.
Сироҷиддин Аслов барои иштирок дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) озими шаҳри Кобул шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |