Э.Раҳмон дар бораи баҳси “бидъату суннат”, “куфру имон” ва зоҳирпарастӣ аз нигоҳи Ҳамадонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми сентябр, дар симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод намуд, ки аз осори ин мутафаккир дар тарбияи насли ҷавон бештар кор бурда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури муҳаққиқону Ҳамадонишиносони аз 25 кишвари олам таъкид намуд, ки барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тафриқаи мазҳабӣ, нажодӣ ва милливу фарҳангӣ бегона мебошад ва дар тафаккури иҷтимоии ӯ баробарии равияву ҷараёнҳои мазҳабӣ дар эътиқоду эҳтироми Ҳақ муҳим арзёбӣ мегардад: “Дар назди ӯ намояндагони дину мазҳаб, қавму миллат, ҳиндуву мусулмон, шиаву суннӣ баробар буда, касонеро, ки миёни онҳо фарқ мегузошт, сахт мазаммат мекунад ва ихтилофи “мову ман”-ро дур шудан аз ҷамоли Ҳақ медонад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки ин таъкиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст: “Зеро бубинед, ки “мову ман”, “куфру имон” ва “бидъату суннат” гуфтанҳои бархе аз мусулмонон дар баъзе кишварҳои олам, мисли Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, Миср ва Афғонистон оқибатҳои нангинеро пеш овардааст, ки имрӯз тамоми дунё аз он нигаронӣ менамояд”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур Ҳамадонӣ ба муқобили уламои зоҳирпараст, фақеҳони ҷоҳил ва муттассибони гумроҳ муборизаи беамон бурдааст ва расидан ба ҳақиқатро беҳтарин роҳ дар шинохти зоти Ҳақ донистааст: “Боиси таъкид аст, ки донишманд илмро асоси пешрафти зеҳнияти инсон дониста, онро пояи ташаккули сифатҳои дигари хулқи инсонӣ медонад”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, дар шароите, ки равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе манотиқи дунё торафт вусъат меёбанд, ақидаҳои мутафаккирони гузашта, амсоли Амири Ҳамадонӣ арзиши бештар пайдо мекунанд: “Аз ин рӯ зиёиён ва олимону донишмандон, уламои динӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси андешаҳои ҳакимонаи ин қабил донишварон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои нангин садо баланд кунанд ва барои дар зеҳни мардум, хусусан наврасону ҷавонон, ташаккул додану решадор сохтани ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам кор кунанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷкистон ҳидояти ҷомеаро ба роҳи росту дуруст, ба шинохти ҳақ аз ботил ва ба сӯи ободиву пешрафт вазифаи аҳли зиё хонда, таъкид намудааст, ки маҳз барои ҳамин онҳоро аҳли зиё, яъне аҳли рӯшноӣ ва равшанкунандаи роҳи дигарон мегӯянд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар охир Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва саодати рӯзгор орзу намудааст.
Дар симпозиуми байналмилалӣ, ки феълан идома дорад, баъди андешаронии Эмомалӣ Раҳмон инчунин Ҳаддоди Одил - Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шариф Ҳусейн Қосимӣ - профессори Донишгоҳи Деҳлӣ ба номи Ҷавоҳирлал Нерӯ, Сайид Иброҳими Ҳикмат - Раиси Донишгоҳи Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Навшоҳӣ Ориф - профессори Донишгоҳи Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Франсис Ричардс - профессори Донишгоҳи Париж, узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |