Муфтӣ: Бадхоҳе даъват ба қиём кунад, ба даҳонаш бо пояфзол бизанед

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват кард, ба ғайриқонунӣ ғасб шудани ҳукумат дар кишвар иҷоза надиҳанд.
Ӯ рӯзи 4 сентябр дар мавъизаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “хоҳиш мекунам, ба ҳар бадхоҳе, ки мехоҳад, бо роҳи хунрезӣ, куштору бераҳмӣ ва беадолатӣ дар Тоҷикистон ҳукуматро соҳиб шавад, иҷоза надиҳед”.
Абдулқодирзода аз сокинони Тоҷикистон хост, ба ҳарфҳои “баъзе аз доираҳо” гӯш надиҳанду ҳамеша зидди даъват барои гирдиҳамоиҳо дар кишвар бошанд: “Агар бадхоҳе бархезаду бигӯяд, қиём кунеду хун бирезеду ноором кунед, ба даҳонаш бояд бо пояфзол бизад”.
Раиси Шӯрои уламо таъкид кард, агар суботу амнияти кунунии Тоҷикистон то 5 соли дигар ҳифз шавад, кишвар ба яке аз давлатҳои пешрафтаи рӯи замин табдил хоҳад шуд: “Дар 5 соли оянда мебинем, чӣ қадар пешравиҳои дигар мешавад, албатта агар ин оромиро мову шумо нигаҳ бидорем”.
Ӯ дар идомаи мавъизааш аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ бори дигар ибрози нигаронӣ кард. Абдулқодирзода аз Вазорати адлияи Тоҷикистон талаб кард, то нагузорад, ҳизб ё ҳаракате дар кишвар аз номи Ислом сӯиистифода кунад: “Тавре Вазорати адлия эълон кардааст, мо ҳам қотеона талаб дорем, ки бигзор аз номи Ислом ҳеч кас истифода накунад. Ислом худ соҳиб дорад. Ин дин ниёз ба ҳеч ҳизбе надорад. Ҳифзкунандаи ин дин Худованд ва раҳбари давлат аст. Соли 2009 ҳам барои ҳифзи ин дину мазҳаб ҷашни Имоми Аъзамро баргузор кард. Ҳимоягари ин дину мазҳаб сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |