Раддияи Вазорати мудофиа ва муҳлат барои таслим шудани “Ҳоҷӣ Ҳалим”
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари кушта шудани низомиёни ин ниҳод аз сӯи гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро рад кард.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорат шанбеи 5 сентябр ба “Озодагон” гуфт, хабари бархе расонаҳои русӣ дар мавриди кушта шудани сарбозони Вазорати дифоъ сиҳат надорад. Қаблан, чанде аз ВАО-и Русия навиштанд, собиқ муовини вазири дифоъ афродеро, ки аз пайвастан ба гуруҳи ҷиноии ӯ саркашӣ кардаанд, куштааст.
Аммо оқои Маҳмадалиев мегӯяд, ҳеч корманди вазорат кушта нашудааст. Ӯ инчунин афзуд, ин ниҳод дар амалиёт барои боздошти “Ҳоҷӣ Ҳалим” ва ҳамаслаконаш иштирок надорад.
Рӯзи гузашта Вазорати умури дохилӣ ҳамлаҳои мусаллаҳона ба ШКД-и Ваҳдат ва гардиши фурудгоҳи Душанберо кори “дастаи террористӣ”-и "Ҳоҷӣ Ҳалим" хонда гуфт, собиқ муовини вазир ва чанде ҳамроҳонаш ба Ромит, 40 километрии Душанбе паноҳ бурдаанд.
Ба иттилои расида, мақомот аз собиқ муовини вазири дифоъ хостаанд, бидуни хунрезӣ таслим шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |