ҲНИТ: Даъвоҳои наҳзатӣ будани Ҳоҷӣ Ҳалим хилофи Сарқонун аст

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ ҳамлаҳои мусуллаҳонаи ахир дар кишварро, ки наздик ба 20 кушта бар ҷой гузошт, баррасӣ карда, нигаронии шадиди худро баён кардааст.
Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ҷумла омадааст, “бо нигаронии амиқ вазъияти ба вуҷудомадаро барои суботу оромиши кишвар хатарнок ҳисобида, онро мушкили дохилии ниҳодҳои низомӣ медонад”.
Дар идома Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз муаррифӣ шудани генерал-майори фирорӣ - Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар ҳамчун узви ҲНИТ дар изҳороти Вазорати умури дохилӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, ин дафъа низ баъзе мақомоти давлатӣ талош кардаанд, то аз ин мусибати миллӣ ва амалҳои афсарону сарбозони сохторҳои низомии давлатӣ барои ҳадафҳои сиёсии хеш судҷӯӣ намоянд: “ВКД дар сомонаи расмии худ матлаберо дар тафсири ин ҳодисаҳо ҷо кардааст, ки дар он Назарзода Абдуҳалим Мирзо, собиқ муовини вазири дифоъ ва Зиёвуддин Абдуллоев, собиқ афсари ВКД узви ҲНИТ муаррифӣ шудаанд. Ин даъво хилофи қонунгузории кишвар ва мантиқ буда, идомаи талошҳои қаблӣ барои часпонидани ҳамагуна иттиҳому айбҳои сохта ба ҲНИТ мебошад”.
Ба қавли аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ, қонунгузории кишвар узвияти афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти низомиро дар ҳизбҳои сиёсӣ манъ намудааст ва ингуна афрод наметавонанд узви ягон ҳизби сиёсӣ бошанд: “Чанде қабл гурӯҳе аз ин фармондеҳон ва афсарон бо изҳороте сиёсати пешгирифтаи доираҳои муайян аз ҳукуматро ҷиҳати бастани ҲНИТ ҷонибдорӣ карда, барои аз узвияти ҲНИТ хориҷ кардани аъзо кӯшишҳо ба харҷ дода буданд”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ муаррифӣ шудани Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамчун узви ин ҳизбро “идомаи душмантарошӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа" дониста, бо маҳкум намудан онро барои якпорчагии миллат ва давлат хатарнок донистааст: “Бояд гуфт, ки пештар ҳам талошҳои нокоме барои рабт додани полковники фирорӣ Ҳалимов Гулмурод ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба ҲНИТ сурат гирифта буд, ки ҷомеа ин тӯҳматҳои ғайримантиқиро қабул накард. Зеро, мавқеъи эътиқодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҲНИТ комилан шаффоф ва барои ҷомеа равшан аст, ки ҳамеша мухолифи ифротгароӣ, хушунату зӯроварӣ буд ва мемонад”.
Дар охир ба хонаводаи қурбониёни ин ҳамлаҳои хунин ҳамдардӣ баён шуда, аз мақомоти давлатӣ бори дигар тақозо кардааст, ин фоҷеаро барои ғаразҳои сиёсӣ истифода набарад: “Балки иштибоҳҳои қаблиро дар муносибат бо миллат ва арзишҳои эътиқодии мардум ислоҳ намояд. Набояд фаромӯш кард, ки афсарону сарбозони кишвар баробари сафарбар шудан ба хидмати Ватан ҳамоно ҷузъи ҷудонашавандаи миллат боқӣ мемонанд ва ба арзишҳои милливу мазҳабии он эҳтиром қоиланд. Мақомоти давлатӣ бояд аз пайи ҳам такрор шудани чунин ҳодисаҳо дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ибрат бигиранд ва иштибоҳҳои худро ислоҳ намоянд. Такрори чунин ҳодисаҳои нангин пас аз созиш ва ваҳдату бародарии бемисли миллӣ баёнгари он аст, ки дар ин раванд мушкилоте ба вуҷуд омада, ки мутаассифона то ҳол мақомоти давлатӣ онҳоро нодида мегиранд ва сиёсатҳои яктарафаи саркӯбгароёнаи худро алайҳи ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, гуногунандешони сиёсӣ ва динӣ идома медиҳанд”.
Инчунин Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукумати кишвар талаб кардааст, ҳар чи зудтар дар сиёсати худ таҷдиди назар намуда, барои ба эътидол овардани вазъият ва ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар тадбирҳои лозимаро биандешад ва аз таҷрибаи нодири муколамаи миллӣ истифода намояд: “Зеро идомаи сиёсатҳои иштибоҳӣ заминаи эътирозҳои баъдиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нигоҳ медорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |