СААД ҳамлаи мусаллаҳона дар Тоҷикистонро кори дохилии кишвар гуфт
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) вазъи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва бовар дорад, мақомоти қудратии маҳаллӣ онро ҳал хоҳанд кард. Ин нуктаро Владимир Зайнетдинов, сухангӯи СААД изҳор дошта, қазияи ахирро кори дохилии Тоҷикистон хондааст.
Ҷаноби Зайнетдинов дар суҳбат бо "Интерфаксу-АВН" ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябрро амали роҳзанӣ гуфта, таъкид кардааст, “мо бовар дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон роҳзанҳоро маҳв мекунанд”.
Ба қавли ӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҷрибаи зарурӣ барои ҳалли чунин ҳаводисро дорад.
Бино ба иттилои расмӣ дар пайи ду ҳамлаи гуруҳи мусаллаҳ ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар рӯзи 4 сентябр 17 нафар, бо шумули 8 корманди ВКД кушта шудаанд. Мақомот ин ҳамларо кори Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ҳоло собиқ муовини вазири дифоъ гуфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |