(АКС) Президент меояд: Дарахтонро сафед кунед!
Қарор аст моҳи октябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, яке аз зеристгоҳҳои бузурги барқии “Ваҳдат” бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шавад.
Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар ин робита дарахтони маркази вилоят сафед карда шуда, корҳои ободонӣ идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони зеристгоҳи “Ваҳдат” бо хазинаи 4,5 миллион доллар дар доираи лоиҳаи “Коҳиши талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд” бунёд мешавад: “Ин зеристгоҳ аз ду трансформатор иборат буда, аз он 12 хатти баландшиддати барқӣ кашида хоҳад шуд”.
Гуфта мешавад, таҷҳизоти зеристгоҳ асосан аз кишварҳои Туркияву Чин дастрас шудаанд: “Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 8 зеристгоҳи барқӣ, ки дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шудаанд, амал мекунад, аммо таҷҳизоти онҳо куҳнаву фарсудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |