Раёсати умури дохилии Душанбе: Вазъ ором аст
Масъулини Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯянд, вазъият дар пойтахти кишвар ором ва таҳти назорат аст.
Илҳом Файзуллозода, муовини сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, авзои пойтахт ором буда, ҳеч ҷои нигаронӣ барои сокинон ва меҳмонони Душанбе вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҳамла ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва кормандони ВКД дар Душанбе тадбирҳои амниятӣ дар пойтахти кишвар шадид шуда, чандин постгоҳҳо созмон ёфтааст. Бино ба иттилои расида, дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар гардиши фурудгоҳ ду корманди “ОМОН” ва як нозири БДА куштаву як нозири дигар маҷруҳ шудааст. “Азия Плюс” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти сохтори қудратӣ ҳамлаи мазкурро кори Ҷунайдулло, аъзои собиқи Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон ва корманди Вазорати дифоъ гуфтааст.
Манбаи “Озодагон” аз корманди кушташудаи Бозрасии давлатии автомобилӣ Исмоил Пиров ва ҳамкори маҷруҳаш Шер Алиев ном бурд. Аммо ин иттилоъ ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |