Масдудияти “Одноклассники” дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона
Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии русии “Одноклассники” ҳам дар Тоҷикистон дубора масдуд шудааст.
Аксари корбарон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз соати 9:00-и субҳи 4 сентябр ба ин сӯ, наметавонанд, бидуни филтиршикан вориди ин шабака шаванд. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шарти набурдани номаш хабари масдуд шудани “Одноклассники”-ро тасдиқ карда, гуфт, дар ин бора дастури шифоҳии ба ширкатҳои интернетрасони кишвар сурат гирифтааст.
Аз ин пеш шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва портали Ютуб ҳам дар Тоҷикистон масдуд шуда буданд. Баъдан корбарони торнамои бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” ҳам гуфтанд, дар вуруд ба ин сайт мушкил доранд.
Масдудияти “Одноклассники”, Фейсбук ва портали Ютуб дар ҳолест, ки хабари ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ахир ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдату кормандони пулис дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.
Ҳамлаҳи мусаллаҳона ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат соати 04:28-и рӯзи чоруми сентябр сурат гирифта, ба иттилои расида дар пайи тирпаронии ду ҷониб, ду корманди пулис ва Зиёвиддин Абдуллоеву як ҳаммаслакаш кушта шуда, се нафари дигар захмӣ шудаанд. Инчунин субҳи 4 сентябр дар маркази шаҳри Душанбе низ ба кормандони пулис ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа ду корманди ОМОН ва як нозири БДА кушта шуданд.
Ҳоло аз сӯи Додситонии куллу Вазорати умури дохилии кишвар дар робита ба ин ду ҳамла парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот шурӯъ шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳамлаҳои мазкур аз сӯйи гуруҳҳои алоҳида ташкил шуда, ба якдигар ҳеч иртибот надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |