Ҷилавгирӣ аз қочоки 10000 қуттӣ сигори “ЕSSЕ” дар Панҷи-Поён
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар интиқоли ғайриқонунии 1000 баста тамокуи тамғаи ЕSSЕ аз Афғонистон муттаҳам мешавад.
Ин ниҳод аз гумонбаршуда Г.Н. соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Синои пойтахт ном бурда, гуфтааст, ӯ дар минтақаи назорати гумрукии Панҷи-Поён дастгир шуд. Манбаъ мегӯяд, рафти муоинаи гумрукӣ муайян намуд, ки дар қисми поёни бордони мошини “ДАФ”-и мутаалиқ ба ӯ пинҳонгоҳи махсус сохта шуда, дар дохили он қуттиҳои тамоку ҷойгир шудаааст: “Маводҳои дарёфтгардида 20-қуттӣ яъне 1000 блок дар маҷмӯъ 10 000 қуттича сигаретаи тамғаи ЕSSЕ-и истеҳсоли давлати Корея мебошанд”.
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, боздоштшуда ин миқдор маводҳои тамокуро аз Афғонистон бо мақсади тиҷорат харидорӣ намуда, мехостааст ғайриқонунӣ ва ба таври пинҳонӣ ба Тоҷикистон ворид намояд. Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Қумсангир барои баррасӣ ирсол гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |